То аввали моҳи май дар 10 ҳазор гектар кишти чигит дар зери плёнка гузаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 14.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол тибқи дурнамо дар майдони 186 ҳазор гектар кишти чигит гузаронида мешавад, ки то 1 май 90 фоизи дурнамои он иҷро гардидааст. Аз нақшаи иҷрогардида 10 ҳазор гектарро кишти чигит дар зери плёнка ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Имрӯзҳо бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва мутобиқ гардидан ба тағйирёбии иқлим дар мамлакат кишти чигит дар зери плёнка афзоиш меёбад. Яке аз маҳсулоти кишоварзӣ- ин кишти чигит мебошад, ки тайи солҳои охир масоҳати замини бо усули зери плёнка киштшуда зиёд гардида истодааст.
Дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки «кишти чигити зери плёнка таҷрибаи нав нест, ин тарҷиба солҳои 60-уми асри гузашта низ маълум буд ва баъд аз соҳибистиқлолии мамлакат аз нав ривоҷ ёфт. Солҳои охир деҳқонони мамлакат усули мазкурро бо таҷрибаи мутахассисони чинӣ амалӣ намуда истодаанд».
Ба зикри Зикриёхон Ҳайдаров, «усули кишти чигит дар зери плёнка чанд омили мусбат дорад: ягонакунии ниҳолҳо ва коркарди байни қаторҳо аз байн меравад, зеро дар замини бо плёнкаи полиэтиленӣ пӯшида тухми пунбадона ва об сарфа мегарданд, ковок меистанд ва сахт намешаванд. Нуриҳои минералӣ ба воситаи қубурҳои обтақсимкунанда дар вақташ ба ниҳолҳои пахта дода мешаванд».
Ба андешаи хоҷагидорон, ворид намудан ва мавриди истифода қарор додани технологияи нави парвариши пахта дар зери плёнка ба хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ аз ҷиҳати молиявӣ манфиатовар мебошад. Бо сабаби имконияти пурраи молиявӣ надоштани хоҷагиҳои пахтакор ҷорӣ намудани чунин технология мушкил аст.
Пахта маҳсулоти асосии содиротии давлат ба шумор меравад, ки сол то сол арзиши аслии маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ кишоварзон талош доранд, ки дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсиргузор бошанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






