«Тоҷикистон. Таъмини сулҳу суботи Ватан қарзи шаҳрвандии мост»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Май 27, 2022 11:13

ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораҳои  №98 (24 457), сешанбе, 24 май ва №99 (24 459) чоршанбе, 25 майи соли равон таҳти сарлавҳаи «Ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором», «Дилро ба дил раҳест», «Тоҷикистон. Таъмини сулҳу суботи Ватан қарзи шаҳрвандии мост», «Кишоварзӣ. То вақте ба қадри замин мерасем…» ва зери рубрикаи «Тоҷикистон» хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат нашр намудааст.

Муаллифи маводи «Тоҷикистон. Таъмини сулҳу суботи Ватан қарзи шаҳрвандии мост» ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон М.Шарифзода нигоштааст: «Авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳар фарди ҷомеаро водор месозад, ки нисбат ба зуҳуроти манфии замон бетараф набошад. Бахусус, ҷавонон қувваи бузург баҳри муқовимат бо чунин падидаҳои номатлуб ба ҳисоб рафта, илму дониш, касбу ҳунар ва ҳисси баланди миллии онҳо ба ҳайси аслиҳаи тавоно хидмат хоҳанд кард. Мусаллам аст, ки маҳз адои бошарафонаи рисолати имрӯзаи ҷавонон оғози фардои дурахшони Ватанро таъмин месозад….». Хонанда имкон дорад, ки давоми матлабро аз ин шумора  мутолиа намояд.

Ҳамчунин дар ин шумора хонанда метавонад аз рубрикаи «Ҷаҳон» ва «Ҷаҳон дар як сатр»  аз навигариҳои  дунё бохабар гардад.

Инунин дар ин шумора матлабҳои гуногун  доир ба мавзӯъҳои муҳими  рӯз мавриди таҳлил қарор дода шуда, пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

«Кишоварзӣ. То вақте ба қадри замин мерасем…»- чунин ном гирифтааст матлаби дигари ин нашрия, ки дар он муаллиф Матлубаи Абдуқаҳҳор зарур шуморидааст, ки сокинони кишвар, хусусан кишоварзон, ки бо замин сару кор дошта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегузоранд, дар истифодаи самараноки замин, хусусан заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин дар як сол аз тавсияи мутахассисони соҳа самаранок ва оқилона истифода баранд.

Дар саҳифаи дигари ин рӯзнома хонандагон метавонанд аз нашри асари нави адиб ва журналисти шинохтаи тоҷик Умари Шерхон таҳти унвони «Султони кинои тоҷик», ки аз ҳаёт ва фаъолияти давлатӣ ва сиёсии Султон Мирзошоев хикоят мекунад шинос шаванд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи сешанбе, 24 май №62 (4482) таҳти унвони «Нақлиёти барқӣ-коҳишдиҳандаи ихроҷи газҳои парникӣ» оид ба воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, ки боиси афзудани таваҷҷуҳи воридкунандагон ба ин намуди нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза гардид, мавод нашр намудааст. Муаллифи ин матлаб Сайфиддин Суннатӣ пешниҳод намудааст, то дар кишвар якҷо бо шарикони хориҷӣ истеҳсоли электромобил, электрофургон, электроскутер, сечархаҳои барқӣ, велосипеди барқӣ ба роҳ монда шавад.

Инчунин дар ин шумора хонанда метавонад  хабару гузоришҳои омоданамудаи рӯзноманигори ин нашрияро  дар самти иҷтимоию иқтисодӣ  ва  фарҳангию варзишӣ  мутолиа  намояд.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №22 (20355), 25 майи соли равон  хабару гузоришҳо оид ба баромади Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 78-уми СММ, таҷлили Рӯзи ҷавонон дар кишвар, қасамёдкунии наваксарон дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр намудааст.

Инчунин дар ин шумора хонанда метавонад  хабару гузоришҳои омоданамудаи рӯзноманигори ин нашрияро  дар самти иҷтимоию иқтисодӣ  ва  фарҳангию варзишӣ  мутолиа  намояд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №25 (1366), чоршанбе, 25 майи соли 2022 дар баробари дигар нашрияҳо иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар ҳамоиши СММ-ро инъикос намудааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  нашр расидаанд. Аз ҷумла,  метавон аз маводи  «Ба Ватану миллат содиқ бошем!», «Фаввораҳои гунг гӯё мешаванд?», «Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазои иттилоотии Тоҷикистон» маълумот пайдо намуд.

«Боҷу хироҷ»- нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар шумораи №20 (1324), панҷшанбе, 26 майи соли равон хонандагон метавонанд бо маводи хонданбоб оид ба «Ҳолати андозбанди субъектҳои соҳибкории хурди дар низоми содакардашуда фаъолияткунанда», «Вазъи бақайдгирӣ ва андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ», «Пешбинии сабукиву имтиёзҳо-мусоидат ба рушди соҳибкории хурд» ва дигар матлабҳои ҷолиб шинос шаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 27, 2022 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон гардид
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Борбад яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: ««Шоҳнома» сарчашмаи ҷовидонаи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ва андешаҳои ватандӯстиву истиқлолхоҳии тоҷикон мебошад»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мероси таърихиву фарҳангиро шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик арзёбӣ намуданд
Китобҳои «Масири сарнавишт» ва «Авсофи Пешво» муаррифӣ карда шуданд
ПАЁМ-МУЖДА АЗ ШУКУФОӢ ВА ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА. Дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид
Асари «Абармарди таърихсоз» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2025» соҳиби Шоҳҷоиза гардид