Тоҷикистон ва Чин тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 май мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амнияти берунӣ Чэн Гопин баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни нишаст масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардида, тарафҳо ба аҳамияти андешидани тадбирҳои муштарак барои рафъи пайомадҳои манфии ҳамагирии COVID-19, зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амнияти берунӣ Чэн Гопин ҷиҳати иштирок дар даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавии мушвирон оид ба амнияти миллӣ/котибони шӯроҳои амният оид ба Афғонистон ба Душанбе омадааст.
Акс: ВКХ ҶТ








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






