Тоҷикистон ва Узбекистон тасмим гирифтаанд, ки корхонаҳои муштараки дорусозӣ таъсис диҳанд

Май 7, 2022 11:11

ДУШАНБЕ, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ ва рушди сайёҳии тиббӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар меҳвари мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон Беҳзод Мусоев дар Тошканд баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон  сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро дар самти тандурустӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон  ҷонибҳо оир ба бозомӯзии мутахассисони Тоҷикистон дар муассисаҳои муосири тиббии Узбекистон дар самтҳои вирусология, микробиология, эпидемиология, иммунология,  баргузор намудани Рӯзҳои тиббии Узбекистон дар шаҳри Душанбе, таҳия ва ба имзо расонидани «Харитаи роҳ» миёни ду вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Узбекистон изҳори назар карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Май 7, 2022 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон
Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раиси САҲА оид ба пешбурди муколама ва таҳкими эътимод мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори департаменти робитаҳои давлатӣ ва байналмилалии ширкати Caterpillar мулоқот намуд
Ҷалби сармоягузории Озарбойҷон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тошканд вохӯрии дуюми масъулини аршади Саммити «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» доир гардид