Толибон* додани шаҳодатномаи ронандагиро ба занони афғон манъ мекунад

Май 5, 2022 13:14

ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати толибон* дар Афғонистон додани шаҳодатномаи ронандагиро ба занон дар Кобул ва дигар вилоятҳо манъ кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии ҳиндии NDTV (New Delhi Television Limited). Ин мамнӯъият дар ҳолест, ки кишвар аз буҳрони харобиовари башардӯстона, камбуди шадиди ғизо ва дигар маводи зарурӣ азият мекашад.

То тасарруфи ҳокимият аз ҷониби толибон* дар Афғонистон занонро сари чамбари мошин дар баъзе шаҳрҳои калон, аз ҷумла Кобул дидан мумкин буд. Аммо ҳоло толибон* додани шаҳодатномаи ронандагиро ба занон манъ кард, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Вазъи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон махсусан баъд аз пошхӯрии ҳукумат ва дар моҳи августи соли гузашта ба сари ҳокимият баргаштани толибон* бад шуд. Ҳарчанд ҷангҳо дар кишвар ба поён расида бошанд ҳам, нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар, бахусус нисбат ба занон идома дорад.

Дар фармони ахир ҳукумати толибон* дар Афғонистон таҳсили духтаронро баъд аз синфи шашум дар мактаб манъ кард, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон маҳкум карда шуд. Роҳбарони ин такшилот баъд аз он гуфтанд, ки ин иқдом ба далели «норасоии омӯзгорон» сурат гирифтааст ва ҳуқуқи духтарон барои таҳсил пас аз синфи шашум «ба зудӣ» барқарор хоҳад шуд.

Афғонистон бо буҳрони бузурги башардӯстона рӯбарӯ аст, зеро тибқи баҳогузории байналмилалӣ, айни ҳол дар Афғонистон шумораи зиёди одамон дар ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, ки норасоии фавқулодаи ғизоро аз сар мегузаронанд: беш аз 23 миллион нафар ба кумак ниёз доранд ва тақрибан 95 дарсади аҳолӣ ғизои кифоя барои истеъмол надоранд.

Қаблан агентии иттилоотии амрикоии «Associated Press» гузориш дода буд, ки дар Афғонистон ба занон рондани мошинро манъ карданд. Толибон* даъво мекунанд, ки нишастани зан сари чамбари мошин бо урфу одатҳои маҳаллӣ мувофиқат намекунад ва ҳатто барои ҷамъият хатарнок аст. Ин мамнӯъият ба хориҷиён низ тааллуқ дорад.

Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар ин бора на танҳо ба онҳое, ки вориди ин кишвар мешаванд, балки занони хориҷие, ки аллакай дар Афғонистон ҳастанд, иттилоъ хоҳад дод. Агентӣ инчунин хабар медиҳад, ки роҳбарияти толибон* ба ҳамаи ғайримусулмонони дар мамлакат истиқоматкунанда амр додааст, ки дар либосашон аломати махсус гузоранд, то ки онҳоро аз «беимонҳо» фарқ кунанд. Ба онҳо инчунин бо мусулмонон дар як хона зиндагӣ кардан манъ аст ва дар хонаҳое, ки ҳиндуҳо дар он зиндагӣ мекунанд, овехтани шиорҳои зарди думетра муқаррар шудааст. Илова бар ин, занони ҳинду низ бояд мисли занони мусалмон фаранҷӣ пӯшанд.

АКСИ дорои хусусияти иллюстративӣ аз бойгонӣ

________________________________

*Толибон – ҳаракати ифротии мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо

Май 5, 2022 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд