Завқӣ Завқизода ва Иброҳим Шукрӣ дар ноҳияи Панҷ бо корҳои бартарафсозии зарари офати табиӣ шинос шуданд

Май 10, 2022 15:05

ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд Иброҳим Шукрӣ ба ноҳияи Панҷ сафари корӣ намуда, зимни он бо пайомадҳои сели 3-4 май рухдода, бахусус ҳолати пойгоҳҳои обрасонӣ, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ, корҳои бартарафсозии зарари офат аз наздик шинос шуда, бо сокинони ноҳия суҳбат намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Сафари мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир гардид.

Зимни мулоқот сокинони ноҳия иброз доштанд, ки яке аз мушкилии асосӣ- ин дар ҳолати корношоямӣ қарор доштани пойгоҳҳои обкашист, ки ҳалли он ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, аз ҷумла ба гардиши кишоварзӣ даровардани 1,5 ҳазор гектар замин, зиёд намудани истеҳсол, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат мекунад.

Дар доираи мулоқоти дуҷониба миёни Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд Иброҳим Шукрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БИР, ҳолати татбиқи лоиҳаҳои амаликунандаи БИР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок, зиёд кардани сармояи умумии БИР ва дурнамои ҳамкории миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар робита ба ин З.Завқизода аз Директори минтақавии БИР дархост намуд, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, инчунин ноил гардидан ба ҳадафу афзалияти стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, иқтисоди рақамӣ, иқтисоди сабз, аз ҷумла сохтмони НБО «Роғун», кишоварзӣ, обёрӣ ва беҳдошти замин, саноат, нақлиёт, маориф ва тандурустӣ зиёд карда шавад.

Директори минтақавии БИР Иброҳим Шукрӣ омодагии худро барои дастгириву маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

То имрӯз аз ҷониби БИР 86 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 641 млн доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, дар айни замон 23 лоиҳа ба маблағи 284,6 млн доллар амалӣ мегардад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Май 10, 2022 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо беш аз 1 миллион доллар сармояи соҳибкорони узбек гармхонаи замонавӣ сохта мешавад
Устувории роҳҳои муҳими мошингарди Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ баланд бардошта мешавад
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳанд
САНАДИ НАВ. Тоҷикистон нақша дорад, ки ҳамасола 100 000 ҷойҳои корӣ таъсис диҳад
Пагоҳ намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз Резервати биосферии «Ромит» дидан менамоянд
Туркия тасмим гирифтааст, ки намояндагии бонкҳои тиҷоратиашро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намояд
Кишоварзони Кӯлоб заминҳои корамро самаранок истифода бурда, аз он ду-се ҳосил мерўёнанд
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир аз корхонаҳои саноатии ноҳияи Шуғнон дидан намуд
Дар Душанбе тақвияти иқтидори соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ таҳким мебахшанд
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода бо ҳолати корҳои кишоварзии ноҳияи Шуғнон шинос шуд