Дар Душанбе масоили такмили истеҳсолоти саноатии минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар таҳти унвони «Такмили истеҳсолоти саноатии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.
Тавре аз Маркази тадқиқоти стратегӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони вилоятҳо, шаҳру навоҳии кишвар, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коршиносони варзида ширкат варзиданд.
Роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов изҳор кард, ки ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон дар заминаи стратегияи ҷаҳорум таҳти унвони «саноатикунонии босуръат» ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум вориди марҳилаи ҷадиди навсозӣ мешавад. Ташаббуси чунин навсозии ҷомеа ба самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфта, пешшарти тасеаи иқтисодӣ ва беҳбудбахши зиндагии мардум дониста мешавад.
«Саноатикунонии босуръати кишварро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми моҳи декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳадафи чаҳоруми стратегӣ эълон карда буданд. Барои ба воқеият пайвастани ин ҳадаф амалисозии босифати барномаҳои соҳавии қабулгардида, ҷалби васеи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ зарур дониста мешавад. Бо ин мақсад айни замон «Сратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030» ва якчанд барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодааанд, ки мақсадашон фароҳам овардани шароит барои гузариши иқтисодиёти кишварамон батадриҷ аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ мебошад»,- зикр намуд ӯ.
Бо татбиқи чунин амалҳо солҳои охир дар соҳаи саноати мамлакатамон тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, дар самтҳои алоҳидаи он суръати афзоиши тавлиди молу хизматрасониҳо низ таъмин гардидааст.
Ба гуфтаи Умед Давлатов, дар ҷомеаи саноатӣ нақши калидиро дар таъмини рушди иқтисодиёт пажӯҳиш ва коркардҳои илмии аз тарафи мутахассисони касбӣ амалишаванда мебозанд. «Бо эълони ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат иқдоми ба ҳам пайванд додани илм ва фарҳанги техникӣ ва эълон шудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле мантиқист. Зеро яке аз роҳҳои модернизатсиякунонии истеҳсолот марбут ба тарбияи насли ҷавон аз дастовардҳои муосири илмиву техникӣ бархӯрдор мебошад»,-изҳор дошт мавсуф.
Дар ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Саноатикунонии босуръат: масъалаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо», «Вазъи воқеии саноати вилояти Хатлон ва тадбирҳо барои рушди минбаъдаи он», «Раванди татбиқи ҳадафи чаҳоруми миллӣ дар шаҳри Душанбе», «Такмили истеҳсолоти сабук дар минтақаҳои Тоҷикистон» ва оид ба дигар мавзӯъҳои муҳиму рӯзмарра маърӯзаҳо шунида шуданд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






