ҲАҶМИ ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН АЗ $1 МИЛЛИАРД МЕГУЗАРАД. Шарҳи ходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Камолиддин Камолов

Июнь 19, 2022 12:02

ДУШАНБЕ, 19.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши молу маҳсулот байни ду давлати ҳамсоя — Тоҷикистону Узбекистон аз  $500 млн гузашта,  баъди ташрифи расмии Сарвари давлати тоҷикон ба Узбекистон  он  бояд аз марзи  $1 миллиард   убур кунад, ки ин нишондиҳанда далели  беҳтарин   намунаи ҳамкории тарафайн дар миқёси фазои давлатҳои пасошӯравӣ мебошад. Ин матлабро ходими илмии Институти омӯзиши кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Камолидин КАМОЛОВ   дар суҳбат бо АМИТ «Ховар»  баён дошт.

«Таҷрибаи рушди муштарак дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ исбот менамояд, ки он замон иқтисодиёт ва робитаҳои нақлиётии ин ду кишвар умумӣ буданд, — мегӯяд Камолидин Камолов ва таъкид менамояд, ки дар ин ҷо Ҳалқаи ягонаи энергетикӣ ва истифодаи якҷояи захираҳои обию энергетикӣ ва ғайраро зикр намудан басанда аст. Дар шароити истиқлоли давлатӣ дар ҳар ду мамлакат зарурати ногузир оид ба эҳъёи таҷрибаи мусбию муфиди ҳамкорӣ дар аксар соҳаҳо, аз  равобити  иқтисодию тиҷоратӣ сар карда то фарҳангию гуманитарӣ эҳсос карда мешавад».

Тибқи таҳлили  коршинос, дар замони муосир вазъи муносибатҳои тарафайн муфиди Тоҷикистон ва Узбекистонро чунин ҳуҷҷатҳои асосию тақдирсоз муайян менамоянд: дар оғози соли   2000 миёни  кишварҳо Шартнома оид ба дӯстии абадӣ ва дар моҳи  августи соли  2019 санад дар бораи Шарикии стратегӣ ба имзо расонида шуданд. Омили «шарикии стратегӣ» имрӯз характеру хусусияти муносибатҳои байнидавлатиро муайян месозад.  Анҷом ёфтани  ҷараёни аломатгузорӣ ва аниқ кардани  марзи давлатӣ байни Тоҷикистону Узбекистон  дар ҳолати проблемаҳои ҳам монанди ду кишвар бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун модели  бомуваффақияти ҳалли масоили сарҳадӣ мебошад.  Чунин таҷриба дар водии Фарғона сурат гирифт, ки аломати фарқкунандаи он аз  унсурҳои зерин иборат аст:

1) мавҷудияти иродаи сиёсӣ ҳангоми ҳалли масоили сарҳадӣ;

2) омодагии ҷонибҳо ба гузаштҳои тарафайн;

3) риояи ҳамаи санадҳои қаблан ба имзо расида.

Мавсуф тазаккур дод, ки  дар бисёр ҷиҳатҳо нақши муайянкунанда ва асосиро ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика бозида, ба ҳама маълум аст, ки ин масъала муҳлати тӯлонӣ тамоми муносибатҳои байни ду кишварро халалдор месохт ва аз соли  2017 ҷонибҳо ин омили  «таҳдидоварро»  ба имконияти рушди устувори тарафайн табдил доданд.

«Имрӯз Узбекистон муштарии калонтарини энергияи барқи Тоҷикистон буда, газро бо нархи паст ба Тоҷикистон мефурӯшад. Дар оянда ҳамкории боз ҳам зичтар дар ин соҳа дар назар дошта шудааст. Ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти минтақавӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои калидии амалии муштарак баромад менамояд ва дар ҳолати номуайянии вазъ дар Афғонистони ҳамсоя аҳамияти махсус касб менамояд.   Ҳар ду кишвар ҷиҳати оромӣ ва амнияти марзҳои ҷанубии худ ва рушди устувору осоиштаи Афғонистон  манфиат доранд», — афзуд ў.

Камолидин Камолов мегӯяд, ки  ин навиштаҳо то оғозу анҷоми  сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Узбекистон, ки  2-3 июн дар шаҳрҳои Тошканд ва Урганҷ ҷараён дошт ва бо натиҷаҳои хеле ҳам мусбию мувафффақиятнок  баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар ба анҷом расид,  рӯйи коғаз овардааст.

«Дар ҷараёни  сафар байни ду ҷумҳурӣ 15 санади нав ва дар ҳошияи Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон 75 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорону тоҷирон ба имзо расид, ки маблағи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад. Муҳимтарин санади  тақдирсоз барои мардуми ду кишвари дӯсту бародар имзои Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аст, ки  орзуҳои бисёрасраи халқҳои  тоҷику ӯзбекро дар ҳаёт татбиқ менамояд», — изҳори хушнудӣ менамояд коршинос.

Ӯ илова кард, ки дар идомаи ҳамкории тарафайн дар соҳаи обу энергетика  аз ҷониби Президентҳои  ду кишвар  ба корҳои лоиҳакашию иктишофӣ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 320 МВт расман оғоз бахшида шуд.

Барои тамоми шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбекистон хурсандиовар аст, ки потенсиали ҳамкории тарафайн судманд байни ду кишвари ҳамҷавор, дӯсту бародар тадриҷан  ба сатҳи  ба манфиати ин ду халқ муфид расида истодааст ва умед дорем ҳамкорӣ  баҳри некӯаҳволию осудагии ду миллат боз ҳам рушду тавсеа меёбанд.

Барои тақвияти чунин умеду боварӣ имзои санадҳои муҳими зерин  гувоҳӣ медиҳанд:

— «Харитаи роҳ» оид ба рушди ҳамкории дуҷониба миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2022-2023;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди пиллапарварӣ ва саноати пашми Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пиллапарварӣ;

— Созишнома миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2022-2023;

— Ёддошти тафоҳум миёни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи муҳити зист;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатии Ҷумҳурии Узбекистон;

— Харитаи роҳ оид ба амиқтар намудан ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамкории саноатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон».

«Созишномаҳои дуҷониба фаъолияти ҳамкории минбаъдаи соҳибкоронро дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди хокаи оҳан, бунёди корхонаи нассоҷӣ дар Тоҷикистон, таҳвили аллюминии аввалия ба Узбекистон, истеҳсоли нахи пахта ва яхдонҳоро дар бар мегирад.  Ба ҳисоби умумӣ дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон бо дарназардошти ҷамъбасти кори форуми тиҷоратию иқтисодӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллари америкоӣ бояд амалӣ  карда шаванд», — гуфт дар фарҷом  Камолидин Камолов. 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июнь 19, 2022 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» аъзои SOCEA гардид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи рақамисозӣ ва рушди логистика байни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба мамлакати индустриалӣ — аграрӣ табдил дода мешавад. Эҳдо ба Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ
«Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон» маҳсулоти заргарии мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда баррасӣ гардид
Аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузории лоиҳаи CASP+ дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфт
Тоҷикистону Бангладеш гардиши савдоро байни ҳам бамаротиб зиёд мекунанд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
Роҳбарияти шаҳри Ҳисор бо вазъи корҳои саҳро дар хоҷагиҳои кишоваразии Ҷамоати деҳоти Навобод шинос гардид
IRS: Нуқтаҳои вазнченкунӣ вайроншавии роҳро пешгирӣ мекунанд
Дар Панҷакент Форуми минтақавии саводнокии молиявӣ баргузор шуд