Баҳодур Шерализода ва Дэвид Моран масъалаҳои Конфронси 27-уми дарпешистодаро оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 июн дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Сафири минтақавӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Дэвид Моран баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд, дар вохӯрӣ мусоҳибон масъалаҳои Конфронси 27-уми дарпешистодаи ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлимро баррасӣ намуданд.Масъалаҳои маблағгузории иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мавзӯи асосии муҳокимаи конфронси дарпешистода буда, барои мамлакат муҳимият дорад.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои манъи истифодаи халтаҳои пластикӣ то 15 микрон, барқарорсозии ҷангал ва такмили низоми мониторинги муҳити зист ва тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо дар мулоқот доир ба дурнамои ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои хориҷӣ, масълаҳои Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир изҳори назар карданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид






