Бинои муосири Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд

Июнь 10, 2022 11:15

ДУШАНБЕ, 10.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 9 июн дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишгоҳ, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак бинои навбунёди Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ, ки бо маблағгузории Донишгоҳи педагогии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ДМТ.

Бинои навсохти Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ аз ду ошёна иборат буда, масоҳати зиёда аз 1800 метри мураббаъро дар бар мегирад, ки инфрасохтори хуб ва мукаммалро барои таълим фароҳам овардааст. Донишкада дорои синфхонаҳои таълимии замонавии бо доскаҳои электронӣ муҷҷаҳаз, толорҳои конфронсӣ, фарҳангӣ, рақс, варзиши намуди ушу, ошхона китобхона, бойгонӣ, осорхона, аудиторияҳои бисёрфунксионалӣ, синфхонаи лингафонӣ, мусиқӣ ва ғайра мебошад.

Дар ифтитоҳи бинои мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Насиба Содиқӣ, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Лутфия Абдулхолиқзода, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин ва намояндагону масъулини сохторҳои марбутаи донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар назди бинои хуштарҳу замонавии Донишкадаи мазкур майдончаи варзишӣ, ки барои намудҳои варзиши футболи хурд, волейбол, баскетбол, теннис пешбинӣ гардидааст, инчунин Амфитеатр, сохта шудааст, ки меҳмонон аз онҳо дидан намуданд.

Баъдан дар толори Амфитеатр бо иштироки меҳмонон бахшида ба ифтитоҳи бинои мазкур чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён зикр кард, ки «робитаҳои гуногунҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таърихи тӯлонӣ дошта, бо ба даст омадани соҳибистиқлолӣ ва раҳондозӣ гардидани сиёсати башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат дар сатҳи ҳамкории байналмилалӣ ин равобити ҳасана дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон таъкид карда буданд: «Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсояи наздик, дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон аст. Таҳкиму густариши равобити дӯстона бо он аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо буд, ҳаст ва дар оянда ҳам боқӣ хоҳад монд».

Ректори Донишгоҳи милии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон албатта тавассути рушду такомули ҳамкории мутақобилан судманди фарҳангию дӯстона бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯи кор омадааст, ки ҳосили он ин бинои хуштарҳи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ мебошад.

«Донишкадаи мазкур моҳи августи соли 2008 бо ташаббус ва дастгирии муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфта, тули фаъолияти худ ба рушди босуръат ва натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Маркази табодул ва ҳамкории забонҳои хориҷии Чин ҳамеша дар самти равобити дӯстона ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар рушди донишкадаи мазкур нақши муҳим дорад. Зиёда аз 120 омӯзгор ва волонтёр бо маводи гуногуни таълимӣ, воситаҳои техникӣ ба донишкада барои тадриси забон ва фарҳанги чинӣ фиристода шуданд. То моҳи майи соли 2022 зиёда аз 600 бурсия барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳсил дар ҶМЧ ҷудо гардидааст, ки саҳми Дафтари Марказии Конфутсий назаррас мебошад», — маълумот дод Ректори ДМТ.

Иттилоъ дода шуд, ки 13 январи соли 2009 байни Донишгоҳи омӯзгории Синзян ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Созишнома дар бораи татбиқи муштараки бунёди Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ба имзо расида, моҳи феврали соли 2009 Донишкада расман ба фаъолият оғоз намуд.

Гуфта шуд, ки донишкада се маротиба дар ҷаҳон унвони «Донишкадаи Конфутсийи намунавӣ»-ро ба даст овардааст. Моҳи декабри соли 2017 Ван Хуиджуан — омӯзгори Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ дар миёни 46 200 нафар омӯзгори забони чинӣ ва хориҷӣ дар саросари ҷаҳон ба унвони «Омӯзгори беҳтарини Институти Конфутсий» сарфароз гардид.

Сипас Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин аз ҳамкории судманди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори хушнудӣ намуд, ки натиҷаи заҳмати дафтари марказии Институти Конфутсий ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки бинои мазкур сохта шуд.

«Бинои нави Донишкада дорои тамоми шароити таҳсил буда, ба муҳассилини Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад ба омӯзиши забон ва фарҳангу маданияти чинӣ машғул шаванд», — таъкид кард Тзи Шумин.

Дар идомаи чорабинӣ Тзи Шумин ба ҷониби намояндагони донишгоҳ ва Қобилҷон Хушвахтзода ба намояндагони Чин «Сипоснома» ва «Ифтихорнома» тақдим намуданд.

Акс: ДМТ

Июнь 10, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара шинос шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб шинос гардид
Ҳамкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳким меёбад
190 мактаби шаҳри Душанбе дар Озмоиши низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамояд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои маорифи ноҳияи Спитамен шинос шуд
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф доир мегардад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанги шаҳри Хуҷанд шинос шуд
«Олимпиада»-ҳои тиҷоратӣ. Дар интихоби онҳо эҳтиёткор бошед!
Имсол 3168 хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ҷалб гардид
Маркази захиравӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ифтитоҳ шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Институти стратегияи рушди илму технология ва Донишгоҳи технологии Чендуи Чин баррасӣ шуд
«Стратегияи рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардид