«ДӮСТ БОШЕД, ИТТИФОҚ БОШЕД…». Ин даъвати Пешвои миллат барои мо мисли зангӯлаи бедориву ҳушёрист, мегӯяд муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Наргис Шарифзода

Июнь 23, 2022 13:58

ДУШАНБЕ, 23.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Дӯст бошед, иттифоқ бошед…» — ин гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳар субҳу шом дар фазои хонадони ҳар яки мо, қабл аз шурўи барномаи «Ахбор»-и Телевизиони Тоҷикистон садо медиҳанд, мисли зангӯлаи бедориву ҳушёрӣ ҳастанд, ки моро ҳар замон ба ваҳдату иттифоқ ва дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят месозанд. Зеро танҳо дар сурати пойдор будани ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду якпорчагӣ нигоҳ доштану таҳким бахшидани Истиқлоли давлатӣ, ки орзуи ҳазорсолаи миллати мост, имконпазир мегардад. Чунин иброз намуд муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Наргис ШАРИФЗОДА зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ.

Номбурда таъкид намуд, ки «мо набояд мафҳуми «Ваҳдати миллӣ»-ро танҳо ҳамчун шиор бипазирем. Ҳар як сокини мамлакат вазифадор аст, ки ба маънӣ ва мақоми сарнавиштсози он дар тақдири миллат дуруст сарфаҳм биравад. Мебояд маъвои онро дар қалби хеш ҷой дода, барои пойдориву ҷовидонии ваҳдати миллӣ бо корбурд аз мақоми хеш дар ҷомеа ҳамеша дар саъю талош бошем. Ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбуб ҳамеша ҷонибдор ва муҳофизи пойдории ваҳдати миллӣ бошему нагузорем, ки душманони миллат бо иғвоҳои пардапӯшона миёни мардуми кишвар ҷудоӣ андозанд. Воқеаҳои чанде пештар дар кишвар рухдода бори дигар ҳушдор медиҳанд, ки ҳанӯз душманони миллати мо ором нагирифтаанд. Онҳо лаҳзаи мувофиқ меҷӯянд, то оромии Тоҷикистонро халалдор намоянд».

— Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард», — афзуд Наргис Шарифзода.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки «ҳамагон медонанд, ки роҳи дарёфти сулҳ дар Тоҷикистон саҳлу осон набуд. Хиради зотии халқи мо, ки дар таърих ҳамеша бо сулҳпарвариву башардӯстиву инсонгарии худ ном баровардааст, имкон фароҳам овард, ки дар атрофи фарзанди фарзонаи худ Эмомалӣ Раҳмон сарҷаъм шаванд ва давлату миллатро аз нестӣ раҳоӣ бахшанд. Мояи ифтихору хушбахтист, ки бо қадами мубораки фарзанди шуҷоъву ҷонфидои Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату ризоияти миллӣ дар сарзамин пойдор гардид ва тӯли 25 соли баъди ба даст овардани он симои шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфта, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ пеш рафт, мактабу маориф, илму маърифат тараққӣ намуданд».

-Арҷгузорӣ бояд кард, ки Сарвари давлат дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони навин ва ҷомеаи адолатпарвар, таҳкими истиқлоли давлатӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ нақши беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ раҳо бахшиданд ва дар рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хизматҳои бузургу арзишманд намуданд, — илова кард ў.

Мавсуф ёдовар шуд, ки хизматҳои қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999, таҳти №923 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» (аз 14-уми ноябри соли 2016, таҳти №1356) қабул гардид ва ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

«Мо халқи меҳнатдўсти баору номуси Тоҷикистон бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ,ки моро ба сулҳу осоиштагӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ расонид, бирасем ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошему ба халқу Ватан содиқонаву садоқатмандона хизмат намоем», — гуфт дар фарҷоми суҳбат муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Наргис Шарифзода.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2022 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Фарҳод Раҳимӣ: «Дар тўли сад соли охир дар ҳудуди Тоҷикистон заминларзаҳои сахти шиддаташон зиёда аз 7,5 бал рух надодааст ва эҳтимоли ба амал омаданашон низ кам аст»
Имрӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд
23 МАРТ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳар се соат ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ доир ба вазъи об ва боду ҳавои Тоҷикистон маълумот пешниҳод мегардад
«ҲАФТ СИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ, файзу баракат ва фардои дурахшон ҳисобида мешавад
22 МАРТ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон сарзамини саршор аз об ва ташаббусҳои глобалист
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗ! Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, соати 02:30-и 21 март Наврӯз ба Тоҷикистон фаро расид
НАВРӮЗ, МОДАРИ ТОҶИК ВА СИМОИ МИЛЛӢ. Дар ин баҳори хуҷастапай на фақат табиат, балки ҳунар низ гул кардааст
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Одамони сайёра ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангию инсонпарварона эҳтиром доранд
Наврӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад
«Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад!». Корвони идона ба сокинони шаҳри Душанбе навиди фарорасии иди аҷдодиро мерасонад
Бо дастури Пешвои миллат ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон автобусҳои мусофирбар фиристода шуд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик пуршукуҳ таҷлил гардид