Дар Бадахшон шумораи гармхонаҳои наву инноватсионӣ меафзояд
ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Рӯшон аз гармхонаи соҳибкор Амдам Давлатқадамов дидан намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯшон Раиси вилоят Алишер Мирзонабот аз гармхонаи мазкур дидан намуда, ба заҳмату талошҳои соҳибкор баҳои баланд дода, ба ин деҳқони асил пешниҳод намуд, ки майдони гармхонаҳоро васетар карда, бозори шаҳри Хоруғро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намояд.
Амдам Давлатқадамов ҳар сол аз гармхонаи бунёднамудааш ҳосили фаровон рўёнда, хонаводаашро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуда, қисмати зиёди онро ба бозор бароварда, даромади хуб ба даст меорад.
Мавриди зикр аст, ки дар Бадахшон шумораи гармхонаҳо зиёд карда шуда, барои ҳосили фаровон гирифтан аз онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, гармхонаи инноватсионии Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ), ки дар деҳаи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон соли гузашта бунёд шуда буд.
Бояд гуфт, ки гармхона дар Ҷелондеҳ бо тамоми шароиту имконияти муосир дар баландии тақрибан 3600 метр аз сатҳи баҳр сохта шуда, барои парвариши намудҳои гуногуни сабзавот мусоид мебошад. Феълан дар гармхонаи инноватсионӣ намудҳои гуногуни бодирингу помидор ва дигар сабзавот мавҷуд буда, баҳрабардорӣ аз гармхона дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишту парвариши зироати кишоварзӣ, ташкили гармхонаҳои наву инноватсионӣ ва гирифтани ҳосили фаровон аз онҳо пайваста таъкид менамоянд.
Бо дарки ин масъала, устодони факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ раванди парвариши сабзавотро дар гармхонаҳои инноватсионии донишгоҳ тақвият бахшида, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза саҳми арзанда гузошта истодаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ








Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид






