Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиши идона доир карданд

Июнь 1, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 01.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар майдони Нишони давлатии шаҳри  Бохтар ҳамоиши идона доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон.

Дар ҷамъомади тантанавӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки ғамхорӣ намудан ба кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои солиму бардам ба камол расидани онҳо, соҳиби илму маърифат ва фарҳанги баланд гаштанашон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат ва махсусан  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

— Масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мо — калонсолон аст, — афзуд раиси вилоят ва таъкид намуд, ки  «мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем».

Дар ҳамоиш ҳамчунин  гуфта шуд, ки рушди тафаккури кӯдакону наврасон, дар ниҳоди онҳо тарбия намудани шахси худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир, қобилияти шинохтани равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯза, дар маркази фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, дар самти амалӣ гаштани он тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Дар  ҷашнгоҳ намоиши афсонаҳои халқӣ, ҳунарҳои дастӣ, ихтироъкории кӯдакону наврасон   доир шуд, ки басо ҷолибу хотирмон буд.

Хотиррасон менамоем, ки  шурӯъ аз 21 апрел то 31 майи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар қаламрави вилоят таҳти унвони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” силсилаи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, маърифатию хайриявӣ гузаронида шуданд, ки ҳаёти кӯдаконро хеле рангину шавқовар гардонданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи иқдоми «Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ силсилаи чорабиниҳо, аз қабили озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъҳои «Пайравони Пешвои миллат», «Онҳо барои Ватан ҷангидаанд», «Кандакори беҳтарин», озмунҳои «Рассоми беҳтарин», «Ровии беҳтарин», «Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат ва китоби «Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров», «Ободгари беҳтарин», «Матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Маърифати экологӣ” ва беҳтарин ҳикояи эҷодӣ», «Луғатдони беҳтарин», озмунҳои зиёди фанниву мактабӣ ва ғайра бо омодагии ҳамаҷонибаю натиҷаҳои беҳтарин гузаронида шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ ба як зумра  хонандагони боистеъдод “Ифтихорнома” ва ба саҳмгузорон дар рушди соҳаи маориф “Сипосномаҳо”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

 

Июнь 1, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд