Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон баҳри ҳавасмандкунии омӯзгорон тадбирҳои муассир андешида мешаванд

Июнь 14, 2022 11:09

ДУШАНБЕ, 14.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд ҷиҳати ҳавасмандагардонӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ДДОТ) ба муаллимоне, ки рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунанд 10 ҳазор сомонӣ, барои ҳимояи рисолаи докторӣ 15 ҳазор сомонӣ ва ба роҳбарони илмиашон 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Дар ин бора дирӯз, зимни ҷаласаи васеи назди Ректори навтаъйини ДДОТ Аҳлиддин Ибодуллозода иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ДДОТ хабар доданд, дар ҷаласаи васеи назди Ректори донишгоҳ ҳайати раёсат, деканон ва раисони Комиссияи аттестатсионии хатм, инчунин мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.

Аҳлиддин Ибодуллозода  иброз намуд, ки  ин иқдом дар заминаи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат    муҳтарам Эмомалӣ Рахмон амалӣ гашта,  мақсади асосии   он  беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани иқтидори илмӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии омӯзгорон мебошад.

-Бо мақсади назорати ҷиддии низоми фаъолияти соҳаҳои таълиму илм дар факултетҳо бояд корро дар самти мазкур пурзӯр намоем, -афзуд номбурда.

Илова бар ин, ректори донишгоҳ бо таассуф аз фаъолияти илмиву таълимии донишгоҳ ёдовар шуд, аз ҷумла зикр намуд, ки дар соли 2022 шумораи умумии хатмкунандагон 3409 нафар буда, аз ин шумора танҳо 3 нафар донишҷӯ бо баҳои «аъло» таҳсил менамояд ва ин ҳолат воқеан нигароникунанда мебошад.

Ректори донишгоҳ ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта зикр намуд, ки минбаъд ҷиҳати ҳавасмандагардонӣ омӯзгороне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии аз тарафи Пешвои миллат роҳандозӣ шуда, ба ҷойҳои ифтихорӣ ноил мешаванд, 50 ҳазор сомонӣ ва ба донишҷӯён 20 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.

Акс: ДДОТ

Июнь 14, 2022 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид