Дар Хоруғ бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба фаъолият шурӯъ кард

Июнь 15, 2022 15:42

ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ бо супориши Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва маданияти шаҳрдорӣ бозори «20 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба фаъолият шурӯъ кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд, соҳибкороне, ки ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғул буданд аз бозори марказии шаҳри Хоруғ ба бозори мазкур кӯчонида шуданд.

Бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тамоми талаботи бозордорӣ ҷавобгӯ мебошад.

Ҳамзамон бо супориши Раиси вилоят ба маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ 30 тонна тарбуз бо нархи аз 5 то 15 сомонӣ дастрас карда шуд. Сокинон маҳсулоти мазкурро дар муддати кӯтоҳ харидорӣ намуда, ба роҳбарияти вилоят барои чунин иқдоми нек изҳори сипос намуданд.

Ёдовар мешавем, ки шоми 28 май, соати 23:30 дақиқа дар бозори марказии шаҳри Хоруғ сӯхтор рух дод. Сӯхтор дар яке аз мағозаҳои ошёнаи якум сар зада, зиёда аз 20 мағозаи соҳибкоронро оташ фаро гирифта буд.

Акс: МИҲД-и ВМКБ

Июнь 15, 2022 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст