Дар шаҳри Тошканд 15-умин Ҷаласаи шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 11 июни соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 15-умин Ҷаласаи шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он ҳайатҳои қисми миллии Шӯроҳои ҷавонони СҲШ ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи мазкур ҳайати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода, Абдулазиз Абдуллоев, Суруш Доробӣ ва Беҳрӯз Холмуродов иштирок намуданд.
Хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Беҳрӯз Холмуродов, ки ба ин ҳайат шомил буд, аз ҷараёни баргузории ин ҷаласа гузориш омода карда, ба АМИТ «Ховар» ирсол намуд. Дар гузориши мазкур чунин омадааст:
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Абдулло Раҳмонзода бо ҳайати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз сафар вохӯрӣ намуда, ҷиҳати иштироки фаъолона дар ҷаласаи мазкур ва муаррифии арзандаи дастовардҳои ҷавонони Тоҷикистон ба ҳайати миллӣ муваффақият хостанд.
СТАРТАП — ЛОИҲАҲО ОҒОЗБАХШИ 15-УМИН ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҶАВОНОНИ СҲШ
9 июн дар шаҳри Тошканд даври ниҳоии озмуни Стартап-лоиҳаҳо миёни ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти унвони “UNICORNS SCO” доир гардид. Озмуни мазкур дар доираи 15-умин Ҷаласаи шӯрои ҷавонони СҲШ роҳандозӣ гардида, дар он ҷавонони боистеъдод аз кишварҳои узви СҲШ, нозирон ва шарикони муколама, инчунин фаъолони Шӯрои ҷавонони кишварҳои узви СҲШ ширкат карда, беш аз 1000 лоиҳаҳои гуногун пешниҳод намуда буданд. Ба қисмати ниҳоии озмун 50 лоиҳаи беҳтарин роҳхат гирифта, барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ муаллифон лоиҳаи хешро манзури ҳайати ҳакамон намуданд.
Дар ин озмун аз ҷониби Тоҷикистон лоиҳа дар бораи “Сайёҳии рақамӣ” пешниҳод гардида, дар он вобаста ба рушди туризм, ки яке аз соҳаҳои саҳмгузор дар рушди иқтисоди миллӣ мебошад, маълумот пешкаши ҳайати ҳакамон гардонида шуд.
Таъкид гардид, ки тавассути озмун мусоидат ба ҷавонон дар татбиқи лоиҳаҳои стартапашон ба нафъи рушди минтақа буда, он як қадами бузург дар самти ҳавасмандгардонии ҷавонон мебошад.
Озмуни Стартап-лоиҳаҳо хуб сурат гирифта, тибқи нақша он 10 июн натиҷагирӣ ва ғолибони он қадрдонӣ шуданд. Аз 50 лоиҳаи беҳтарини даври ниҳоӣ 10 адади он беҳтарин стартап-лоиҳа дониста шуда, ба ҳар яки он сертификат ва 10 ҳазор долларӣ ҳамчун мукофотпулӣ супорида шуд.
15-УМИН ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҶАВОНОНИ СҲШ
10 июн дар шаҳри Тошканд 15-умин Ҷаласаи шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кори худ оғоз намуд.
Дар он ҳайатҳои қисми миллии Шӯроҳои ҷавонони СҲШ-и давлатҳои Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа дар бораи фаъолияти бахшҳои миллии Шӯрои ҷавонони СҲШ дар солҳои 2021-2022 маълумот шунида шуд.
Баробари дигар иштирокчиён намояндаи Ҳайати қисми миллии Шӯрои ҷавонони СҲШ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода баромад намуда, нахуст барои баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд изҳори сипос намуд.
Умед Раҳимзода гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти олии мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди неруи зеҳнии ҷавонон, соҳибкасбу соҳибилм гардидани қишри ояндадори ҷомеа ва барои дар фазои созанда ба воя расидани ин насл тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
— Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Тоҷикистон сидқан пайи омӯзишу фаъолият буда, дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми арзишманди худро гузошта истодаанд ва дар арсаи ҷаҳонӣ кишвари хешро муаррифӣ карда истодаанд. Барои дастгирии ҷавонон Стипендия ва Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва Стипендияи дурахшандагон барои ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда таъсис дода шудааст, — афзуд Умед Раҳимзода.
Таъкид гардид, ки мақсади асосии ҷаласа баланд бардоштани нақши ҷавонон дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди давлатҳои СҲШ миёни давлатҳои рӯ ба рушд дар асри иттилоотӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, таҳким ва ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои ҷавонон мебошад.
Дар рафти ҷаласаи мазкур иштирокдорон бо гузоришҳои мушаххас оид ба имконияту имтиёзҳо аз ҷониби кишварҳои узви СҲШ ба ҷавонон шинос шуданд. Ҳамзамон оид ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои муҳим, аз қабили ҳамкориҳои илмию техникӣ дар соҳаи ҷавонон, фароҳам овардани майдонҳо барои табодули таҷриба барои мутахассисони ҷавон ва баланд бардоштани неруи онҳо табодули афкор сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки дар қаламрави СҲШ, ки ҳоло дар он беш аз 3,2 миллиард нафар зиндагӣ мекунанд, беш аз 55%-и онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Иштирокчиёни дигари ҷаласаи мазкур зимни баромадҳои хеш таъкид карданд, ки шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай дар рушди ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ саҳми назаррас дошта, бояд ҳамкориҳо дар ин самт боз ҳам тақвият дода шавад.
БОЗДИД АЗ МАКОНҲОИ ЭҶОДИЮ ОМӮЗИШИИ ҶАВОНОН
Ҳайати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи 15-умин Ҷаласаи шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай аз Маркази ҷавонони эҷодкори Иттифоқи ҷавонони Узбекистон (ИҶУ) ва IT PARK — маркази омӯзишӣ барои ҷавонон дидан намуданд.
Зимни боздиди Маркази ҷавонони эҷодкори ИҶУ ва IT PARK гуфта шуд, ки ҷавонони Узбекистон бо истифода аз имкониятҳои мусоид пайи омӯзишу эҷод буда, ин ду марказ дар баланд бардоштани завқу шавқи онҳо дар самти донишомӯзӣ саҳми бориз дорад.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҶАВОНОНИ СҲШ
Дар 15-умин Ҷаласаи шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай якчанд нусхаи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба иштирокчиёни ин ҷаласа тақдим карда шуд.
Зимни тақдими рӯзнома гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон “Ҷавонони Тоҷикистон” ягона рӯзномаест, ки маҳз ба ҷавонон бахшида шудааст ва дар ҳар шумораи он дар бораи ҳаёти ҷавонон, мушкилоту муаммоҳои онҳо, дастоварду пешрафт ва муваффақиятҳои онҳо дар дохил ва арсаи ҷаҳонӣ мақолаҳои таҳлилӣ омодаю нашр мегарданд.
Дар умум, 15-умин Ҷаласаи шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай дар сатҳи хуб баргузор гардида, он дар рушду тақвияти шӯрои мазкур нақш хоҳад гузошт.
АКС: Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»