Дар Турсунзода озмоишгоҳи вирусшиносӣ ба фаъолият шурӯъ кард

Июнь 7, 2022 10:30

ТУРСУНЗОДА, 07.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода ташхисгоҳи вирусологӣ таъсис дода шуд, иттилоъ дод хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Сокинони шаҳри Турсунзода ва корафтодагон минбаъд барои гузаронидани ташхисҳои вирусологӣ ба озмоишгоҳҳои пойтахт-шаҳри Душанбе нарафта, ба ин муассисаи тиббӣ муроҷиат менамоянд, ки ин барояшон имкони сарфа кардани вақт ва ҳам маблағро медиҳад.

Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов, раиси шаҳр Парвиз Акрамзода аз ҷараёни кори ташхисгоҳи вирусологӣ дидан намуда, барои дар сатҳи баланд ба аҳолии шаҳр содиқона хизматрасонӣ намудан ва иҷрои саривақтии ташхисҳою баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти риояи талаботи сантитарию эпидемиологӣ ба масъулини Маркази назорати давлатии санитпарию эпидемиологии шаҳр супоришҳои мушахас дод.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода Мизроб Саидзода иброз дошт, ки ташхисгоҳи мазкур бо таҷҳизоти муосири вирусшиносӣ муҷаҳҳаз буда, дар он мутахассисони ботаҷрибаи соҳа фаъолият менамоянд. Яке аз зарурияти ташхисгоҳ дар он аст, ки сирояти бемории COVID-19 -ро дар организми инсон дар муддати кӯтоҳ ва саҳеҳ муайян менамояд.

Дар ташхисгоҳ инчунин гузаронидани ташхис ва тестҳои бемории гепатити В ва С саривақт ва босифати баланд амалӣ мегардад.

АКС: МИҲД ш. Турсунзода

Июнь 7, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид