Дар Женева татбиқи лоиҳаҳои Маркази байналмилалии савдо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Июнь 17, 2022 08:55

ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҳошияи Конфронси 12-уми вазирони Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи Маркази байналмилалии савдо (МБС)  Памела Коук — Ҳамилтон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар мулоқот масъалаҳо вобаста ба  ҷараёни  татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби МБС дар Тоҷикистон амалишаванда баррасӣ гардиданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода зикр  намуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тавсеаи гардиши савдои хориҷӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд.

Аз ҷумла,  Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи миёнамуҳлати иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ, Портали савдои Тоҷикистон қабул гардиданд, ки саҳми МБС дар таҳия ва қабули онҳо назаррас арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон дар раванди вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои «Ready4Trade»-и Осиёи Марказӣ ва лоиҳаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX), ки тавассути МБС дар кишварҳои минтақа амалӣ мегарданд, инчунин дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда муҳокимаронӣ намуданд.

Илова бар ин,  бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ  аз ҷониби МБС ҷиҳати зиёд намудани чунин лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар татбиқи ҳадафҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар пешбинишуда даъват ба амал оварда шуд.

Памела Кок Ҳамилтон низ дар навбати худ аз дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда ва иштирок дар низоми савдои бисёрҷониба истиқбол намуда, оид ба рушди муносибатҳо дар ин самт омодагии худро иброз карда, зикр кард, ки лоиҳаи нав вобаста ба зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории шарикони рушд дар назар дошта шудааст.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Июнь 17, 2022 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад