ЭЙ ВАТАН, ЭЙ ТОҶИКИСТОН, ЭЙ БИҲИШТИ МАН! Шеъри тозаэҷоди Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба шарафи Рўзи Ваҳдати миллӣ
ДУШАНБЕ, 27.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз кулли муқаддасоти миллие, ки мо дорему бо онҳо барҳақ ифтихор мекунему арҷ мегузорем, гумон мекунам, муқаддастаринаш Ваҳдати миллист, зеро танҳо ҳамин ваҳдату ягонагии миллат аст, ки кафолати имрӯзу ояндаи халқ ва давлати моро метавонанд бидиҳад, зеро танҳо дар зербуни қавӣ ва пойдори Ваҳдати миллӣ мо метавонем кохи бузурги ояндаи баэътимод ва бегазанди фардои ватанамонро ба вуҷуд оварем.
Чунин ибрози андеша намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Камол НАСРУЛЛО.
Дар идома шоир андешаҳояшонро чунин баён медорад:
— Ваҳдати миллӣ танҳо ҳамон вақт боэътимод аст, ки дар вуҷуд, дар сиришти ҳар яки мо ҷо шуда бошад, дигар хел бигӯем, ноҷудо аз ҳастии мо, ҷисму ҷони мо бошад. Ҳеҷ ваҳдате ҷудо аз армонҳои миллӣ, ҷудо аз фарҳанг, маърифат, илму адаб ва муҳаббати беғаразонаи инсонӣ пойдор буда наметавонад. Агар мо худамон, ҳар якемон худ намуна ва рамзи ин ягонагӣ набошем, ин ваҳдат наметавонад пойдор бошад. Зеро худи маънои ваҳдат, ягонагӣ, яке будан ва эътимод ба ягонагии Худованд аст. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ, чунон ки дар Фарҳанг шарҳ дода шудааст, иштироки ҳама афроди миллат дар амал ва мақсад барои пайгирии ғояҳои бузург мебошад.
Бинобар ҳамин муносибати мо нисбат ба ваҳдати миллӣ хеле фаротару фузунтар аз як шиор ва даъват бояд бошад. Агар Ваҳдати миллӣ воқеан шиори миллист, пас ҳар нафари мо бояд худ, бо тамоми пайкару рӯҳамон ҳарфҳо ва рангу бори ноҷудои ин шиор бошем! Дар ин асос, гумон мекунам, ватандорӣ пеш аз ҳама доштани Ваҳдати миллист ва Ваҳдати миллӣ худ ватандорист.
Омилҳо ва сабабҳое ҳастанд, ки қимату аҳамияти ваҳдати миллиро барои халқи мо ногузир ва шарти асосии кафолати имрӯзу фардо ва пешрафту инкишоф мегардонанд ва пирӯзиҳои миллату меҳанро бидуни он наметавон тасаввур кард.
Аввалини ин омилҳо таҷрибаи таърихии халқи мост, ки аз дарсҳои таърихи чандҳазорсолааш бардоштҳои амиқи худро дорад. Аз ҷумла, мо хуб медонем, рахнае, ки ба пайкари сарзамини бузурги Ориёно ворид гардидаву онро ба пораҳо ҷудо намудааст, пеш аз ҳама аз нотифоқиву парешонҳо будааст. Имрӯз дар замони навини таърих, ки масъалаи будану набудан саволи аввалини рӯз аст, танҳо Ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқи куҳанбунёдамон метавонад кафолати ҳастии мо бошад, албатта, бо иловаи хираду фазилату дониши худододи миллати соҳибтамаддунамон.
Ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз худи зиндагӣ ва тақдир моро ҳушёр дод ва бароямон дарси ибрат гузошт, ки бунёди Истиқлолияти давлатии мо бидуни Ваҳдати миллӣ ва ҳадафҳои волои он наметавонад комёб бошаду ба мақсад бирасад. Ҷанги шаҳрвандӣ дарси аввалине буд, ки моро гӯшзад дод: бе ваҳдати миллӣ мо наметавонем ояндаи дурахшон дошта бошем.
Вақте ки он рӯзҳоро ба ёд меорем, бори дигар шукри тақдир мекунем, ки Сарвари он вақтҳо ҷавони кишвари тоҷикон бо дарки амиқи масъулияту эҳсоси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ аввалин иқдоме, пеш гирифтаву роҳандозӣ намуданд, таъсиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд. То куҷо бамаврид ва муассир будани ин иқдомро зиндагӣ собит сохт.
Худи таърих, дарси таърих моро борҳо сабақ додааст, ки миллати хирадпеша ва куҳанбунёди тоҷикро танҳо ваҳдату ягонагияш дар ҳолаи сиришти неку хайрхоҳона метавонад нигоҳ дорад. Зеро ин миллат на миллати ҷангу набардҳову зӯроварӣ бар дигарҳост, силоҳи ӯ, неруи ӯ дар хирад аст, ки онро наметавон бидуни ваҳдату ягонагӣ ба даст оварду поянда дошт.
Сипас, омили дигари ногузири ваҳдату ягонагӣ мавқеи ҷуғрофии мамлакати мо, дурӣ ва парокандагии миллати мо дар минтақаҳои парешони кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, он иқдомҳо ва амалҳои шоистае, ки дурбинонаву ҳадафнок дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифтаву амалӣ шуданд. Хусусан бунёди роҳҳои байналмиллалӣ, сохтмони нақбҳое, ки дар гузашта тасаввур намешуданд, ҳама асос ва бунёди ягонагиву ваҳдати мо маҳсуб мешаванд, ки тавонистанд гӯшаҳои аз ҳам ҷудо ва парокандаи ин сарзаминро ба ҳам оранд ва дар баробари бунёди маънавӣ бунёди ҷисмониву ҷуғрофии ин ваҳдату ягонагиро таъмин намоянд.
Омили дигаре, ки моро ба Ваҳдату ягонагӣ мехонаду вомедорад мутаккои баэътимоди ҳамдигар бошем, бидуни шубҳа, вазъи хатарзои вақту замон, таҳдиди беамони ҷангҳои шадиди байниҳамдигарии кишварҳо дар рӯи замин, таҳдиди ҳамарӯза авҷгирандаи фоҷиаҳои байналмиллалӣ, таҳдиди бемориҳо ва хатарҳои бузурги экологӣ мебошад. Дар чунин вазъият, ки ҳама дар талвосаи ҷони худ хоҳанд буд, гумон аст, касе ба наҷоти мо биёяд, балки кишваре кӯчак мисоли Тоҷикистони биҳиштосои мо метавонад помоли набардҳои абаркишварҳои дигар шавад. Аз ин рӯ, боз ҳам умед танҳо ба ягонагӣ ва ҳамсириштии худи мо буда, кафили ягонаи мо Ваҳдати миллист.
Чӣ асос ва заминаҳое бояд дошта бошем, ки тавонем Ваҳдати қавӣ ва бегазанди миллиамонро бунёд намоем?
Асоси аввалин зуҳури ваҳдат дар шахси ҳар яки мост. Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама, чунон ки гуфтем, дар хирад, фазилат, дар фарҳангу маърифат, дар амали ҳамарӯзаи мо бояд ҳузур дошта бошад. Яъне ваҳдати миллӣ на фақат мавзӯи гуфтор балки ногуфта мавзӯи одобу амали мо бояд бошад. Хусусан, ки заминаҳои бунёди он дар фарҳанги куҳанбунёдамон, осори бузургони илму адаб ва маърифати халқи хирадпешаамон гузошта шудааст.
Дуюм ин аст, ки миллате, ки ҳадафҳои бузургу тақдирсоз надошта бошад, ғояҳо ва армонҳои баланди миллиро пайгирӣ накунад, гумон аст ба ваҳдати баланди миллӣ бирасад. Танҳо ягонагиву эътимоди як халқ, талоши он барои идеалҳои олӣ ва ғояҳои баланд метавонад ин халқро шоиставу сазовори пирӯзиҳо гардонад.
Аммо барои расидан ба ин мақсадҳои бузург боз омилҳои дигаре ҳастанд, ки бояд ҷиддӣ пайгирӣ шаванд ва, хушбахтона, халқи фарҳангсолори тоҷик Ҳукумат ва давлати Тоҷикистони навбунёд ин рисолатро дарк намудаанд. Яке аз ин омилҳо дарк ва шинохти ҳувияти миллӣ, худшиносии миллист, ки пайваста дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти назари роҳбарияти мамлакат ва эҷодкорон, аҳли илму адаби тоҷик будааст.
Барои пиёда шудани ин ғояҳои баланд дар навбати худ боз бояд асос ва шароитҳои мувофиқ бунёд намуд. Яке аз асоситарини онҳо фароҳам овардани адолати иҷтимоӣ ва дигаре таҳкими қонуният ва волоии он барои ҳамагон аст. Ва мо мебинем, ки ин ҳадафҳои баланд аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистони озод ва Пешвои муаззами он пайваста пайгирӣ мешаванд, зеро танҳо ин заминаҳо метавонанд барои бунёди кохи бегазанди Ваҳдати миллӣ ва зиндагии шоистаи халқи куҳанбунёдамон асос гузоранду шароит фароҳам оранд.
Ва оқибат барои комил шудани ҳама омилҳо мо бояд аз ташаккули шуури миллӣ низ ёдовар шавем, зеро танҳо ҷомеае метавонад ба ҳадафҳои волои номбурда бирасад, ки сокинонашро шуури баланди миллӣ раҳнамо бошад. Мо аминем, ки дар сиришти миллати инсонпарвару некбину хайрхоҳи тоҷик ин заминаҳоро фарҳангу маърифати зотии ҳазоронсолаи ӯ гузоштаанд.
Боиси сарфарозии мост, ки ваҳдати миллии тоҷикон дар тӯли ин ҳама солҳо садҳои гаронеро пушти сар намудаву аз монеаҳои рӯзгорон сарбаландона гузаштааст. Имрӯзҳо Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 25 сола мешавад ва бо дили пур метавон гуфт, ки дар ин муддати барои таърих начандон бузург Ваҳдати миллии халқи тоҷик аз имтиҳонҳои зиёде гузаштаву ба пирӯзиҳои зиёде ноил омадааст. Гувоҳи ин зиндагии тинҷ, осоиштагиву амонии мамлакат ва ободиву созандагиҳоест, ки новобаста ба ин замони мураккабу хатарзо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ, саросари мамлакатро фаро гирифтааст. Ва мо аминем, ки дар зери парчами ваҳдату ягонагӣ халқи куҳанбунёд ва миллати нексириштамон ба ҳадафу армонҳои баланди пешгузоштаи худ хоҳад расид. Инак, шеъри тозае дар ин рӯҳия, рӯҳияи ягонагиву ватандӯстӣ ба муносибати ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ тақдими хонандагони азиз мегардад.
МУЖДАГОНӢ
Ҳар гиёҳат, ҳар гулат, ҳар сабзаи хокат,
Муждаи озодагон аст аз дили покат,
Ҷӯ ба ҷӯ оби зулолат савти озодист,
Майса-майса марғзорат мазҳари шодист.
Эй Ватан, эй Тоҷикистон, эй биҳишти ман!
Бахтафшону гулафшон сарнавишти ман!
Дар заминҳо мешукуфад рози афлокат,
Розҳои асрҳо дар синаи хокат,
Чашмаи оби зулолу обшоронат
Муждаҳо доранд аз ҷону дили покат.
Эй Ватан, эй Тоҷикистон, эй биҳишти ман!
Эй замини бахтафшон, сарнавишти ман!
Мулки андарзу адаб, сарманзили эъҷоз,
Меҳане дар партави шеъру суруду соз,
Аз лаби ҳар барги гул резад ҳазорон роз,
Ҷон бирақсад, дил кунад дар осмон парвоз,
Эй Ватан, эй Тоҷикистон, эй биҳишти ман!
Эй замини бахтафшон, сарнавишти ман!
Сарпаноҳи аввалину охирини мо!
Нозанину озарину оҳарини мо!
Эй амини мо, яқини мо, барини мо!
Эй азиз, эй дилрабо, эй нозанини мо!
Эй Ватан, эй Тоҷикистон, эй биҳишти ман!
Эй замини бахтафшон, сарнавишти ман!
Ман туро даргоҳи бахти хеш хоҳам хонд,
Бо ту даврони саодатбор хоҳам ронд,
Тоҷикистон, сарзамини меҳру армонам,
Бо ту будам, бо ту ҳастам, бо ту хоҳам монд,
Эй Ватан, эй Тоҷикистон, эй биҳишти ман!
Эй замини бахтафшон, сарнавишти ман!
АКС: АМИТ «Ховар»