ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ 2022. Ин санад аз натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қабул гардид

Июнь 8, 2022 21:25

ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 июн  баъди анҷом ҷаласа ва дигар ҳамоишҳо дар доираи Раванди оби Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Лю Женмин барои доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар нишаст Сарвазири мамалакат Коҳир Расулзода ва муовини Дабир кулли СММ Лю Женмин баргузории Конфронси Душанбе оид ба обро натиҷагирӣ карда,  аз раванди он ба хабарнигорон маълумоти мафассал доданд.

Таъкид гардид, ки дар ҳамин замина давоми се рӯз дар шаҳри  Душанбе 5 форуми сатҳи баланд, 12 панели мавзӯӣ бо фарогирии ҳамаи мавзӯъҳои вобаста ба обу иқлим, 11 ҷаласаи дуҷониба, Фестивали об ва марафони байналмилалии варзишӣ баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти бартараф кардани мушкилот вобаста ба обу иқлим пешсаф арзëбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки ин ташаббусҳо аз ҷониби СММ ҳамаҷониба дастгирӣ меëбанд. Аз ҷумла,  дар доираи пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2003 Соли оби тоза, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал об барои ҳаëт, соли 2013 Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об ва даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор дар шаҳри Душанбе даҳҳо чорабинии сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид, ки ҳар кадом натиҷаи манфиатоварро ба бор овард.

Дар Конфронси навбатии сатҳи баланд намояндагон аз 75 давлат, 634 созмону ташкилотҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар маҷмӯъ 2600 нафар иштирок намуданд.

Ҳамчунин беш аз 500 нафар бо усули онлайн ба чорабиниҳои гуногуни дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор солҳои 2018 — 2028 баргузоршуда пайваста, андешаи худро роҷеъ ба масъалаҳои мавриди назар баëн доштанд.

Аз натиҷаи Конфронси мазкур Эъломияи Душанбе 2022 қабул карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

                              

Июнь 8, 2022 21:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»