ФУТБОЛ. Алишер Тӯхтаев муваққатан сармураббии дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе таъйин шуд

Июнь 28, 2022 14:08

ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси тоҷик Алишер Тӯхтаев муваққатан сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе таъйин шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бо қарори роҳбарияти дастаи пойтахт Алишер Тӯхтаев муваққатан вазифаи сармураббии дастаро ба уҳда гирифта, онро ба бозиҳои дарпешистода омода мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва мураббии соҳибном Виталий Левченко ҳамкории худро хотима бахшиданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, баъд аз анҷоми муҳлати шартнома ҷонибҳо бо розигии тарафайн онро тамдид накарданд ва дастпарвари футболи Тоҷикистон тарки дастаи «Истиқлол» намуд.

Мавриди зикр аст, ки Виталий Левченко шуруъ аз соли 2020 сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе буд ва таҳти роҳбарии ӯ даста чемпиони Тоҷикистон, барандаи Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон гардидааст.

Ҳамзамон мавсими гузашта дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо Виталий Левченко дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи худ мақоми аввалро ишғол намуда, ба даври 1/8 ниҳоӣ баромада буд. Баъд аз рафтани Виталий Левченко ҳамакнун дастаро иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тӯхтаев тамрин медиҳад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 28, 2022 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд