ФУТБОЛ. Дастаи миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи Сурия мағлуб шуд

Июнь 2, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай бо дастаи миллии Сурия бозии дӯстона анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Вохӯрии футболбозон дар сатҳи баробар ҷараён гирифт ва бо пирӯзии суриягиҳо – 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро Умар Ал Сума ба самар расонд.

Бозии дӯстона

Сурия – ТОҶИКИСТОН – 1:0

Гол: Умар Ал Сума, 16.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов (Муҳриддин Ҳасанов, 78), Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Алиҷон Кароматуллозода (Комрон Турсунов, 67), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Алиҷони Айнӣ, 67), Эҳсони Панҷшанбе (Шаҳром Сулаймонов, 78), Шервонӣ Мабатшоев, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 51), Манучеҳр Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 67).

Довари марказӣ: Муҳаммад Абдуллоҳ Муҳаммад (АМА).

1 июн. Дубай. Варзишгоҳи «Ал-Авир». 300 тамошобин.

Акс: ФФТ

Июнь 2, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад