ФУТБОЛ. Имрӯз мавсими нави чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои занона оғоз мешавад

Июнь 5, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 05.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 июн мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистонн оғоз шуда, дар ду давр баргузор мешавад ва дар он ҳар даста ҳам дар хона ва ҳам дар меҳмонӣ бозӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, дастаҳо дар як мавсим 18- бозигӣ хоҳанд кард.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мавсими нави лигаи занона 10 даста – «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Суғд» (Суғд), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Конибодом» (Конибодом), «Хатлон» (Бохтар), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва Муассисаи давлатии Мактаби варзишии Кӯлоб (МДМВ) ширкат мекунанд.

Тибқи анъана, Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои занона либосҳои варзишӣ, тӯб ва пойафзол пешниҳод мекунад. Инчунин ҳаққи музди доварон, роҳкиро ва буду боши дастаҳоро дар бозиҳои сафарӣ федератсия пардохт мекунад.

Чемпионати Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои занона

Даври 1

5 июн (якшанбе)

Оғоз – соати 9:00

«Конибодам» (Конибодом) – «Ҳосилот» (Фархор)

«Зебо» (Дӯстӣ) – «Суғд» (Суғд)

«Ситора» (Шаҳринав) – «Зебонисо» (Душанбе)

«Хатлон» (Бохтар) – МДМВ (Кӯлоб)

«Бунҷикат» (Шаҳристон) – «Бешкент» (Носири Хусрав)

Даври 2

12 июн (якшанбе)

Оғоз – соати 9:00

«Ҳосилот» (Фархор) – «Бешкент» (Носири Хусрав)

МДМВ (Кӯлоб) – «Бунҷикат» (Шаҳристон)

«Зебонисо» (Душанбе) – «Хатлон» (Бохтар)

«Суғд» (Суғд) – «Ситора» (Шаҳринав)

«Конибодом» (Конибодом) – «Зебо» (Дӯстӣ)

Акс: ФФТ

Июнь 5, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд