ФУТБОЛ. Тими миллии Тоҷикистон ҷамъомади тамриниро дар Дубай ба анҷом расонид
ДУШАНБЕ, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Дубай ҷамъомади дуҳафтаинаи тамринӣ баргузор кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар АМА 25 бозингар ҷалб карда шуд. Бо тасмими ситоди мураббиён ва сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ҳамаи бозингарон ба Бишкек мераванд. Ба дархости ниҳоии даста барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 23 бозингар шомил карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бозӣ мекунад. Рақибони тими мо яккачинҳои Мянмар (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) хоҳанд буд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор мешаванд.
Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ ғолибони шаш гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарини дар зинаи дуюм ҷойдошта ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Сиёвуш Асроров («Раҳматганҷ», Бангладеш), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Алиҷони Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»), Меҳрубон Каримов (СК «Пеликан», Туркия);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («Черчилл Бразерс», Ҳиндустон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиклол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мактаарал», Қазоқистон), Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Ҳайати роҳбарикунанда: Азизҷон Достиев – менеҷери даста, Петр Сегрт (Хорватия) – сармураббӣ, Гела Шекиладзе (Гурҷистон) – мураббӣ, Тамаз Бокерия (Гурҷистон) – мураббӣ, Алифбек Беромов – мураббӣ, Владимир Крунич (Черногория) – мураббии тарбияи ҷисмонӣ, Алишер Тӯйчиев – мураббии дарвозабонҳо, Фаррух Авезов – табиб, Саидҷон Эргашев ва Давронбек Ҷӯраев – маҳсгар, Абдураҳим Муҳаммадзода – маъмур.
Акс: ФФТ








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






