Гурӯҳи корӣ дар Кӯлоб бо ҷараёни корҳои созандагию ободонии маҳаллаҳо шинос гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 июн аъзои гурӯҳи корӣ, намояндаи Ҳукумати мамлакат, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода бо ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ дар маҳаллаҳо, кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда дар шаҳр бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Аъзои гурӯҳи корӣ нахуст оид ба корҳои таъмиру навсозии роҳи маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомиии шаҳри Кӯлоб ошноӣ пайдо карда, бо сокинон суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар идомаи чунин корҳои созандагию ободонӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба такмили вазъи инфрасохтори деҳот барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон, инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар қисмати навбунёди маҳаллаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ таъмиру навсозии роҳи маҳаллӣ ба масофаи 4 км бомаром идома дорад.
Бояд гуфт, ки дар асоси муроҷиати сокинони ин маҳалла ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар баробари таъмири роҳ, мушкилоти норасоии барқ низ бартараф карда шуда, симчӯбҳои фарсуда ба нав иваз карда шуданд.
Сокионон аз амалӣ шудани чунин корҳои созандагию бунёдкорӣ рӯҳбаланд гардида, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.
Аъзои гурӯҳ ҳамчунин аз маҳаллаҳои навбунёди Чаманзор боздид ба амал оварда, ба корҳои ободонӣ ва таъмири роҳи мошингард ва қубурҳои обпартои бетонӣ шинос шуданд.
Зимнан аъзои гурӯҳ ба рафти сохтмони қисмати поёнии роҳи алтернативии маҳаллаи Чармгари поён, ки дар доираи эълон шудани соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун «Соли рушди саноат ва роҳҳои обод» бунёд ёфта истодааст, шинос шуда, ҷиҳати бунёди пули мошингузар дар идомаи роҳ болои сойи маҳалла машварат намуданд.
Аз дигар масъалаҳои муҳиме, ки гурӯҳи корӣ таваҷҷуҳи худро равона сохт, ин масъалаи самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини корам мебошад. Вобаста ба ин масъала бо масъулони кооперативи тиҷоратии «Хатлон»-и ҷамоати деҳоти Зарбдор вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ бо сокинон ва масъулини соҳаҳо ҷиҳати иҷрои дастурҳои Пешвои миллат ва истифодаи самаранок аз заминҳои наздиҳавлигӣ, 3-4 ҳосил гирифтан аз як замин ва таъмин кардани захираи дусолаи маводи озуқа дар ҳар хонадон таъкид гардид. Тавре маълум гардид, дар заминҳои хоҷагӣ аллакай ҳосили гандумро ҷамъоварӣ намуда, коҳу хошок барои хӯроки зимистонаи чорворо омода кардаанд. Айни замон хоҷагидорон заминро барои кишти ҳосили дуюм омода месозанд.
Дар охир аъзои гурӯҳи корӣ аз заминҳои кишти пахта дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати баланд намудани ҳосилнокии натиҷаи заҳматашон маслиҳатҳои муфид доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд






