ИМРӮЗ – РӮЗИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Дар мақомоти давлатии Тоҷикистон беш аз 18,5 ҳазор нафар хизматчиён фаъолият доранд

Июнь 23, 2022 14:08

ДУШАНБЕ, 23.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли равон, дар мақомоти давлатӣ 18 ҳазору 559 нафар хизматчиён  фаъолият доранд. Аз ин теъдод 11 ҳазору 939 нафар дар мақомоти марказӣ, 3 ҳазору 560 нафар дар мақомоти маҳаллӣ ва 3060 нафар дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба хизмати давлатӣ машғул мебошанд. Ин арқом имрӯз дар Душанбе зимни баргузории ҳамоиш таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» оварда шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш бо ибтикори Агентии хизмати давлатӣ баргузор шуда, дар он Директори Агентӣ Ҷумъа Давлатов, вакили Маҷлиси намояндагон Ҷавҳарбӣ Муҷибахон, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Махфират Хидирзода, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Руқия Қурбонова, Консули генералии ҶТ дар шаҳри Екатеринбурги Русия Зафар Сайдзода ва дигарон иштирок намуданд.

Ҷумъа Давлатов зикр намуд, ки ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири низоми идоракунии давлатӣ бо раванди таҳкими Истиқлоли давлатӣ пайвандии ногусастанӣ дорад.

«Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ тавассути сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ, аз ҷумла масъалаҳои таъминоти кадрӣ ва истифодаи оқилонаи иқтидорҳои кадрӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ ба вазифаҳои афзалиятноки давлатӣ табдил ёфтанд», — тазаккур дод ӯ.

Иттилоъ дода  шуд, ки ба ҳолати 1 апрели соли 2022, дар мақомоти давлатӣ 18 ҳазору 559 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла дар мақомоти марказӣ 11 ҳазору 939 нафар (занон 2874 нафар ё 24,0 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3 ҳазору 560 нафар (занон 1006 нафар ё 28,2 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3060 нафар (занон 562 нафар ё 18,3 фоиз) фаъолият доранд. Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмўъ 4442 нафар ё 23,9 фоизро ташкил дода, аз 5787 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1086 нафар ё 18,7 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8952 нафар (48,2 фоиз) ва дар мансабҳои роҳбарикунанда  1506 нафар (26,0 фоиз)-ро  дар бар мегиранд.

Бино ба зикри вакили Маҷлиси намояндагон Муҷибахон Ҷавҳарӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва таҳкими давлатдориро маҳз аз танзими соҳаи хизмати давлатӣ оғоз намуда, ин соҳаро яке аз рукнҳои сулҳофаринӣ ва ваҳадатгароӣ маҳсуб дониста, нақши онро миёни давлат ва ҷомеа ба унвони васлкунанда хонданд, ки воқеан хизмати давлатӣ, ҳамчун ниҳоди кадрсозӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ мебошад.

Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Махфират Хидирзода тазаккур дод, ки таҷлили Рӯзи иди касбӣ як василаи муҳими  ҳавасманди он нафаронест, ки дар ин  самт кору фаъолият мекунанд. Инчунин дар сатҳи СММ қабул шудани Қатъномаи махсус, вобаста ба таҷлили Рӯзи хизмати давлатӣ ин нишонаи он аст, ки ин ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ воқеан ҳам дар пешрафти давлатҳо ва дар самти ба даст овардани ҳадафҳои гузоштаи онҳо нақши муҳиму арзанда дорад.

Консули генералии ҶТ дар шаҳри Екатеринбурги Русия Зафар Сайдзода доир ба нақши хизматчии давлатӣ иброз дошт, ки дар шароити рушди ҷомеа ва ҷаҳонишавӣ масъалаи муҳиме, ки дар назди давлат ва Ҳукумат қарор дорад, тарбияи насли нави хизматчиёни давлатии дорои донишу ҷаҳонбинии муосири ба талаботи ҷаҳони имрӯза ва идоракунии муосири давлатӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар айни замон низоми тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ муҳимтарин масъалаи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар анҷоми ҳамоиш  меҳмонон аз ҷониби директори Агентии хизмати давлатӣ бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои арзишманд  қадрдонӣ гардиданд.


Ёдовар мешавем, ки 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шудааст. Аввалин маротиба Маҷмаи Умумии СММ дар қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002  ин саннаро ҳамчун Рӯзи хизмати давлатӣ қабул намудааст. Ҳамасола давлатҳои узви СММ дар ин рӯз ҳамоишҳои махсус ташкил намуда, аҳамияти хизмати давлатӣ ва саҳми он дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро арзёбӣ мекунанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2022 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд