«КИТОБИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ «ТОҶИКОН»- ҚОМУСИ МИЛЛАТИ ТОҶИК». Дар ин мавзӯъ хониши парлумонӣ баргузор шуд

Июнь 5, 2022 09:36

ДУШАНБЕ, 05.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 июн таҳти раёсати Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Саторзода бо иштироки кормандони масъули дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор хониши парлумонӣ дар мавзӯи «Китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»- қомуси миллати тоҷик» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин номзадҳои илми таърих, олимони шинохта Нозим Ҳакимов ва Ҷонибеки Асрориён  ибрози андеша  намуда, зикр карданд, ки китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд.

Гуфта шуд, ки академик Бобоҷон Ғафуров ягона олими тоҷик буд, ки ӯро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар Шарқ хуб мешинохтанд. Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз соли 1978  қабри Б. Ғафуровро зиёрат карда чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди бузургтарини Машриқзамин мебошад».

Таъкид гардид, ки натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм дар он аст, ки исбот намуд, ки  халқи тоҷик қадимтарин халқи  Осиёи Миёна ва  ориёӣ  мебошад. Ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик  дар ташаккули худшиносии миллати тоҷик  ва шинохти он саҳми намоён  гузоштааст. Баромадкунандагон ҳамчунин иброз намуданд, ки бе надонистани таърихи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодааст.

Дар китоби мазкур таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки  тамоми инсоният дарҷ гардидааст.

Китоби «Тоҷикон» аз муқаддима ва 6 фасл иборат буда, аз сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ба Русия ҳамроҳшавии тоҷикон ба таври возеҳ, бо санаву рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар он ҷой дода шудаанд. Меҳнати якумраи Бобоҷон Ғафуров дар ин китоб инъикос гардидааст. Китоби «Тоҷикон», воқеан  ифшогари аслу вуҷуди миллати тоҷик аст.

Дар интиҳо Нозим Ҳакимов ва Ҷонибеки Асрориён ба саволҳои сершумори ҳозирин посух гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019  китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи кишвар  тақдим гардид. Дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар боз як иқдоми ватандӯстонаи Пешвои муаззами халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад.

Акс: МН МО ҶТ

 

 

Июнь 5, 2022 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид