МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023. Мунтахаби Тоҷикистон тими Мянмарро мағлуб кард
ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол имрӯз дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» тими Мянмарро бо ҳисоби 4:0 мағлуб намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Тими мунтахаби Тоҷикиситон дар даврҳои минбаъда дар гурӯҳи «F» бо Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) бозӣ хоҳад кард. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор мешаванд.
Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ, ғолибони шаш гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини дар зинаи дуюм ҷойгирифта ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.
Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023
Гурӯҳи «F»
Даври 1
8 июн (чоршанбе)
15:30 – ТОҶИКИСТОН – Мянмар – 4:0
20:00 – Қирғизистон – Сингапур
Даври 2
11 июн (шанбе)
15:30 – Сингапур – ТОҶИКИСТОН
20:00 – Мянмар – Қирғизистон
Даври 3
14 июн (сешанбе)
15:30 – Мянмар – Сингапур
20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.
Акс: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






