Маркази таълимии Қӯшунҳои хушкигард сарбозонро ба омӯзиши навъҳои техника ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ фаро мегирад

Июнь 13, 2022 09:18

ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо оғоз намудани хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбозон аз рӯйи ихтисос дар марказҳои таълимии ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ ба таълимоти фанҳои дақиқи низомӣ, омӯзиши навъҳои техника ва силоҳу муҳиммоти ҷангӣ фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маркази таълимии Қӯшунҳои хушкигард  аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз дар омода кардани ҳазорҳо мутахассисони хурди низомӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавони Тоҷикистон саҳми арзандаю назаррас дорад.

Ҳамасола сарбозон ба ин маркази таълимӣ тибқи эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб карда шуда, мувофиқи ҳунару маҳорат ва завқу хоҳишашон ба омӯзиши ихтисосҳои механик-ронада, танзимгар-нишонгир, муҳандис, минаҷӯ, нишонгир ва экипажи техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, танкистону тӯпчиён ва баҳри омода кардани дигар мутахассисони хурди низомӣ ҷалб карда мешаванд. Бо гирифтани маълумоти махсуси касбии низомӣ соҳиби шаҳодатнома гашта, дар сафи ҷузъу томи Вазорти мудофиа ва қисму воҳидҳои ҳарбии навъи қӯшунҳо хизмати масъулиятноки худро пеш мебаранд.

Дар ин маркази таълимӣ ҷиҳати босамар гузаронидани дарсу таълимоти муқарраршуда, барои ҳар як гурӯҳ вобаста ба ихтисосашон аёниятҳои таълимӣ фароҳам оварда шуда, синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизот ва техникаҳои навсохту замонавӣ ҷиҳозонида шудааст, ки дар машғулиятҳои назариявӣ вобаста ба вазифа, иқтидор ва нақши ҳар як навъи техникаву аслиҳаи ҷангӣ афсарони ботаҷриба ба сарбозон маълумоти муфассал медиҳанд.

Мутахассисони хурди пиёданизом, аз ҷумла, ронандагону нишонгирони ин навъи техникаҳо дар ин маркази таълимии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат омода карда мешаванд, ки масъулияти таълиму тарбия ва машғулиятҳои амалӣ-омӯзишии онҳоро афсарони ботаҷриба бар уҳда доранд.

Ба қавли масъулин,  сарбозон дар муддати кӯтоҳи омӯзиш ҳамаи нозукӣ ва рондани чунин мошини вазнини ҷангиро аз худ менамоянд. Онҳо донишҳои касбии худро бо рондану идора намудан ва тирпарронӣ аз силоҳҳои ҷангии ин навъи техникаҳои ҳарбӣ дар машқгоҳҳои низомӣ боз ҳам ба таври васеъ такмил дода, онро минбаъд дар қисмҳои ҳарбӣ идома медиҳанд.

Дар Маркази таълимии Вазорати мудофиа сарбозон дар баробари оне, ки ба омӯзиши ихтисоси худ машғул мешаванд, инчунин аз ҷониби ҳайати роҳбарии қисми ҳарбӣ ба камолоти шахсиву ҷисмонӣ ва гузаронидани машғулиятҳои тактикиву оташфишонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. То ки ҳайати шахсӣ, натанҳо мутахасиси самти муайян, балки донандаи тамоми донишҳои ҳарбӣ ва ҳимоятгари воқеии марзу буми кишвар гарданд.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки мутахассисони хурди омоданамудаи  Маркази таълимии Вазорати мудофиа имрӯз дар сафи ҷузъу том дар баробари афсарон фаъолияти босамар дошта, ҳунари омӯхтаи худро дар амал тадбиқ ва ба ҳамсафон меомӯзонанду баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дифои якпорчагии Ватани маҳбуб талош мекунанд.

Вобаста ба  шароиту имконоти фароҳамбуда ҳаминро бояд зикр намуд, ки имрӯз барои ҳайати шахсӣ чун дигар қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар ин Маркази таълимӣ низ синфхонаҳои таълимӣ, хобгоҳи замонавӣ, нуқтаи тиббӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона ва дигар шароитҳои хизмативу майишӣ фароҳам оварда шудааст. Албатта, он имкон медиҳад, ки афсарону сарбозон дарсу таълимоти низомӣ ва хизмати ҳарбии худро содиқонаву сарбаландона пеш баранду бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба омӯзиши ҳама нозукиву махсусиятҳои хизмати пешбинигардида машғул шаванд.

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ

 

Июнь 13, 2022 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд