Масъулини корхонаи нассоҷии APPRIVA-и Туркия бо имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шинос карда шуданд

Июнь 16, 2022 12:34

ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов аз корхонаи нассоҷии APPRIVA-и минтақаи муташаккили саноатии Bolu боздид намуда бо роҳбарияти корхона ва минтақа мулоқотҳои судманд анҷом дод. Дар ин бора  мухбири АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара иттилоъ медиҳад.

Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии нассоҷиро ба роҳ монда, афзалияти аввалиндараҷаи ширкат содирот ба кишварҳои Аврупо мебошад.

Зимни ташриф аз ҷониби Сафир ба роҳбарияти  корхона ва минтақа  дар маҷмӯъ вазъи кунунии ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистону Туркия ва имконияти сармогузории кишвар, аз ҷумла гардиши савдо, раванди ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба Тоҷикистон, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022–2026, «Солҳои рушди саноат», навовариҳо дар самти бидуни раводид ворид шудани шаҳрвандони Туркия ба мамлакат, мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз ва дигар маълумоти муфид дар шакли рӯнамо ва навор оид ба  имконияти сармоягузории Тоҷикистон манзур карда шуд.

АКС аз муаллиф

Июнь 16, 2022 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид