Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об аз ноҳияи Варзоб боздид карданд

Июнь 9, 2022 17:58

ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 6 то 9 июни соли равон дар Душанбе баргузор гардид, аз ноҳияи Варзоб, ки он дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст ва бо табиати зебо, куҳҳои осмонбӯс, обҳои мусаффо ва шифобахшаш диққати сокинони оламро ба худ ҷалб намудааст, дидан карданд.

Нахуст меҳмонон аз истироҳатгоҳи «Хоҷа обигарм», ки он дар баландии 1740—1960 метр ҷойгир аст, боздид намуданд. Манзараҳои зебои гирду атрофи ин истироҳатгоҳ дили меҳмононро тасхир кард. Дар ин ҷо меҳмонон инчунин аз гулу гиёҳҳои дармонбахши Тоҷикистон харидорӣ намуданд.

Сипас меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки он дар Маҷмааи истироҳатӣ-фароғатии «Кохи Малика» ташкил шуда буд, боздид намуданд ва бо шароиту имкониятҳои истироҳат дар Маҷмааи мазкур шинос гардиданд.


Бояд тазаккур дод, ки меҳмонону иштирокдорони конфронс ҳамзамон аз неругоҳҳои барқии обии «Роғун», «Норак», мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатии Душанбе ва Ҳисор боздид намуда, бо захираҳои бой ва иқтидори обию энергетикӣ ва ёдгориҳои бостониву фарҳангии Тоҷикистон шинос гардиданд ва таассуроти нек бардоштанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Душанбе-Варзоб-Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 9, 2022 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд