Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар намуд

Июнь 20, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гурӯҳи зоиронро Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон гусел намуданд.

Сулаймон Давлатзода зоиронро ба муносибати шарафёб гардидан ба адои зиёрат табрик намуда,    таваҷҷуҳи онҳоро ба риояи ҳатмии муқаррароти ҷорӣ дар мавсими ҳаҷ ҷалб намуд.

«Ҳарчанд вазъи марбут ба бемории сироятии коронавирус нисбатан ба эътидол омадааст, хатари он  ҳанӯз ҳам  вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо хоҳиш карда мешавад,  ки дар кишвари мизбони ҳаҷ  риояи ҳатмии тадбирҳои беҳдоштӣ ва чораҳои пешгирикунандаи ин бемориро ба ҷо оварда, солимии худро ҳифз намоед,- таъкид намуд ӯ.

Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон низ оғози дубораи сафарбарнамоии зоирон ба мавсими ҳаҷро рамзи нек хонда, ба ин муносибат онҳоро  табрику шодбош гуфт.

Дар охири маросими гусел аз ҷониби Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба зоирони тоҷик туҳфаҳои рамзӣ тақдим гардид.

 АКС: Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ

Июнь 20, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст