Намояндагони кишварҳои узви ИДМ масъалаи ҳамкориро дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ баррасӣ карданд

Июнь 24, 2022 11:54

ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар қароргоҳи ИДМ дар шаҳри Мински Беларус байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Ҳамгироии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалии» машваратҳо баргузор гардиданд.

Дар машаваратҳо Сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ ҶТ Шоҳин Самадӣ (ДАР АКС) ва намояндагони Озарбойҷон, Арманисттон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Кумиаи иҷроияи Иттиҳод иштирок намуданд.

Рӯзномаи ҷаласа маҷмӯи тамоми масъалаҳои ҳамкории кишварҳои узви ИДМ-ро дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ дар бар гирифт. Муҳимияти ҳамоҳангсозии муносибатҳои кишварҳо дар арсаҳои соҳавии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ зикр карда шуд.

Намояндагони кишварҳои ИДМ ба мувофиқа расиданд, ки таҷрибаи муфиди баргузории машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷиро дар ин мавзӯъ идома диҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 24, 2022 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид