«Об моро муттаҳид месозад», — бардошт аз Форуми байналмилалии занон ва об дар Душанбе

Июнь 6, 2022 16:36

ДУШАНБЕ, 06.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Захираҳои об дар саросари ҷаҳон манбаи асосӣ ва асоси зиндагии шоиста мебошанд. Проблемаи об барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ глобалӣ мебошад. Ҳалли мушкилоти об имкон медиҳад, ки масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар мушкилоти вобаста ба он, таъмини дастрасии аҳолӣ ба об ва рушди устувор ҳал карда шаванд», — гуфт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни суханронии худ дар Форуми байналмилалии занон ва об, ки имрӯз дар Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат» таҳти унвони «Баробарии боадолатона ва фарогир: Об моро мутаҳид месозад» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Форуми мазкур дар доираи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» роҳандозӣ гардид, ки бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари минтақавии СММ –Занон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Дафтари Хазинаи нуфузи аҳолии СММ (UNFPA), Бунёди байналмилалии Шоҳигарии Академияи илмҳо (RASIT) ва Дафтари ҳамоҳангсозии масоили иқтисодӣ ва муҳити зисти САҲА ташкил карда шуд.

Дар кори Форум аз 49 давлати дунё доираи васеъи коршиносон аз соҳаҳои гуногун, аз ҷумла олимон, академикҳо, сиёсатмадорон, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки фаъолияти онҳо ба инобат гирифтани ҷанбаҳо ва равандҳои масоили гендериро талаб мекунад, иштирок намуданд.


«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳои сатҳи баланд аҳамияти норасоии об ва камобиро, ки мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода, пайваста баҳри ҳалли он талош меварзанд. Занон метавонанд дар мубориза бо мушкилоти афзояндаи об ва ноил шудан ба идоракунии устувор ва истифодаи одилонаи захираҳо ба манфиати тамоми одамони сайёра саҳми назаррас гузоранд. Муносибати гендерӣ дар идоракунии об ба субот ва амният мусоидат мекунад, зеро он метавонад ба сиёсатҳои муассиртар ва корҳо ҷиҳати коҳиш додани нобаробарӣ ва ташаннуҷҳои иҷтимоӣ оварда расонад», — афзуд М. Сатториён.

Ҳамчунин мавсуф илова намуд, ки «дар таъмини саломатии инсон нақши оби тоза хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Таъмини саломатии модарону занон дар ин росто мавқеъ ва мақоми аввалиндараҷаро дар саросари олам соҳиб мешавад. Аз ин рӯ, ҳузури занон ва баррасии масоили гендерӣ дар раванди ба мавқеи иҷро гузошташудани асосҳои Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» амри зарурӣ дониста мешавад».

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зикр кард, ки «Тоҷикистон мамлакати ташаббусҳои созанда аст. Чор ташаббуси глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об аҳамияти бузург доранд. Ҳар яки мо шоҳиди он ҳастем, ки дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин чорабиниҳо баҳри ободонӣ ва боз ҳам беҳтар намудани дастрасии занон ба об на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар минтақа низ мусоидат намуд».

«Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон таъсири камшавии захираи об маҳз ба сифатии зиндагии занону духтарон таъсир мерасонад. Тибқи маълумоти оморӣ дар 80 фоизи хонаводаҳои саросари ҷаҳон, ки норасоии оби ошомиданӣ ба назар мерасад, масъули ҷамъоварӣ ва интиқоли он ба хонавода занону духтарон ҳастанд. Ин омил занону духтаронро водор мекунад, ки вақти пурқимати худро сарфи он гардонанд. Дар сурати дастрасии пурра ба оби ошомиданӣ занону бонувон имконият пайдо мекунад, ки вақти худро ба фаъолиятҳои даромаднок, ба мисли таҳсил дар мактаб ва аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва техналогияи муосир сарф кунанд», — изҳор дошт Ҳилолбӣ Қурбонзода.


Директори минтақавии СММ Занон оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Алия Эл-Ясир зимни суханронӣ афзуд, ки мусаллам аст ҳамкории СММ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон зич буда, дар ҳама масъалаҳо пешниҳод ва ташаббусҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба назар гирифта мешавад, зеро ҳамаи ин пешниҳодҳо натанҳо ба худи Тоҷикистон, балки ба тамоми сайёра тааллуқ дорад.

«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми хуберо ҷиҳати табодули назар дар мавриди нақши занон дар об рӯи кор гирифтааст. Чорабинии имрӯза бори дигар шаҳодати баланд бардоштани нақши занон дар рушди ҳамкории байниминтақавӣ буда, ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ-итисодӣ, вазифаҳои гуманитарӣ ва инчунин иштирок ва ҷалб намудани диққати ҳамагон ба пешгирии тайғирёбии иқлим мебошад. Дар айни ҳол тайғирёбии иқлим яке аз масъалаҳои мубраму ҳозиразамон аст, ки инсоният ба он рӯ ба рӯ мегардад. Ба ҳамин хотир ман чорабинии имрӯзаро муҳим дар равандҳои масоили гендерӣ меҳисобам. Зеро занон яке аз шохаҳои асосии ҷомеа буда, дар ҳалли масъалаҳои экологӣ бояд иштироки фаъолона дошта бошанд», — тазаккур дод Алия Эл-Ясир.

Дар Форум инчунин иштирокдорон ва намояндагон дигар давлатҳо ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ маърӯза намуда, ҷалби занони олима ва коршиносони соҳаҳои гуногун дар ҳалли мушкилоти об ва муайян намудани чораҳои муштарак ва иловагӣ бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли ҳамаҷонибаи об барои рушди устувор ва барномаҳои ҷавобгӯ ба принсипҳои гендерӣ аз нуқтаи назари фарҳанги миллӣ, ба нақшаҳои рушди иқтисоди миллӣ дохил намудани стратегияҳои илман асоснокшудаи соҳаи об, дар самти маблағгузории устувор барои занон дар соҳаи илм, барои дастгирии тадқиқоти онҳо ва нашри маводҳо ва мушкилоти марбутаи ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор мешавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2022 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ