«ОБ ВА КӮҲҲО РОҲ БА СӮИ РУШДИ УСТУВОР». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд

Июнь 6, 2022 16:49

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Об ва кӯҳҳо роҳ ба сӯи рушди устувор» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ва коршиносони соҳаи об иштирок намуданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиши мазкур бо ибтикори Муассисаи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг /ЮНЕСКО/, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ созмон дода шуда, ҳадафаш баррасии масъалаҳои марбут ба об ва кӯҳҳо дар самти рушди устувор мебошад.

Дар ҷамъомад котиби генералӣ, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон, намояндаи махсуси котиби генералӣ оид ба Осиёи Марказӣ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман, ёвари мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиатшиносӣ Шамила Наир- Бедуэл ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба об ва нақши он дар рушди устувори давлатҳо, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвоми миллат, Прзеиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.


Дар ҳамоиш зикр шуд, ки 93 фоизи масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ин мамлакати офтобрӯя дар радифи дигар сарватҳои бои табиӣ дорои захираҳои обӣ, аз ҷумла пиряҳо мебошад, ки сарчашма ва таъминкунандаи асосии ҳавзаҳои дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, дар самти рушди устувор дар минтақа нақши калидӣ доранд.

Таъкид гардид, ки зарфи даҳсолаҳои охир раванди гармшавии бошиддати иқлим дар сайёра ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири худро расонида истода, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳишёбии захираҳои обӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти экологӣ дар сатҳи глобалӣ ба шумор меравад. Бо назардошти тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо, ки зарфи даҳсолаҳои охир дар кишвари мо қариб ҳазор адади он нест гардидааст Сарвари давлати Тоҷикистон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, инчунин дар оянда «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муайян карда шавад.

Гуфта шуд, ки истифодаи захираҳои обӣ бо мушкилоти афзоиши аҳолии сайёра, тағйирёбии глобалии иқлим, буҳронҳои молиявӣ, энергетика ва озуқаворӣ иртиботи қавӣ дошта, соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоии сайёра, хусусан гидроэнергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳое, ки ба таъмини озуқавории ҷаҳон ва рушду тавсеаи иқтисодиву иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, маҳз тавассути захираҳои обӣ густариш меёбанд ва омили муҳими рушди устувор дар ҷаҳон мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2022 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»