Омӯзгорону касбомӯзони «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» барои ҳайати Узбекистон дарси маҳорат гузарониданд
ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 июн ҳайати Узбекистон таҳти роҳбари муовини аввали Вазири шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои меҳнатии ин кишвар Эркин Муҳиддинов ба Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ташриф овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати меҳмононро муовини аввали Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода ҳамроҳӣ намуд.
Меҳмонон зимни боздид аз базаи моддиву техникии муассиса аз наздик шинос шуда, бо касбомӯзону устоҳои таълимии Марказ суҳбат анҷом доданд.
Дар баробари ин аз ҷониби омӯзгорону касбомӯзон аз рӯи ихтисосҳои қаннодӣ, ошпаз, челонгари таъмири автомобил, кафшергари газиву барқӣ, сангтарош ва заргар барои меҳмонон дарси маҳорат (мастер класс) гузаронида шуд.


Мавриди зикр аст, ки сафари ҳайати Узбекистон дар Тоҷикистон аз 29 июн то 2 июли соли равон идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли равон ҷиҳати анҷом додани табодули таҷриба бо сафари корӣ аз Узбекистон боздид намуда, як қатор созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонида буд. Сафари ҷониби Узбекистон ба Тоҷикистон ҷавобӣ буда, ба табодули таҷриба ва густариши ҳамкорӣ миёни ҳарду ҷониб нигаронида шудааст.
АКС: МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






