Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар таҳрири нав таҳия гардид

Июнь 23, 2022 10:23

ДУШАНБЕ, 23.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар таҳрири нав аз 20 боб ва 146 модда иборат аст ва назар ба қонуни қаблии аз эътибор соқитшуда 11 боб ва 45 модда зиёд буда, шарт ва тартиби иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро танзим намуда, вазъи ҳуқуқии иҷрочии мақомоти иҷро ва масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии мақомотро муқаррар менамояд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” дар Хадамоти иҷро хабар доданд.

Дар зер тафсири бештари Хадамоти иҷрои кишваро  оид ба таҳрири нави Қонун  «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» манзур менамоем.

Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 3 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 тасдиқ гардидааст, дар ҳайати гурўҳи корӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро дар таҳрири нав таҳия намуд.

Қонуни қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» 20 марти  соли 2008 қабул гардида, дар давоми 14 соли амал ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Таҷрибаи чордаҳсолаи Қонун ва раванди рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ зарурати таҷдиди назар кардани онро ба миён овард. Омили дигаре, ки зарурати таҳияи қонунро дар таҳрири нав ба миён овард, ин истифодаи таҷрибаи пешрафтаи қонунгузории соҳаи истеҳсолоти иҷрои давлатҳои хориҷи кишвар вобаста ба масъалаи иҷро дар Қонун ва ба ин васила барпо намудани низом ва механизми ҷавобгӯ ба талаботи имрўзаи ҷомеа дар самти истеҳсолоти иҷро мебошад.

Вобаста ба татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ ва нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул ва ғайриманқули қарздор дар лоиҳаи Қонун моддаҳо ба бобҳои дахлдор ҷудо карда шуда, тартиби гузаронидани амалҳои иҷро ба танзим дароварда шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар таҳрири нав аз қонуни пешина вобаста ба ҳаҷм, матн, танзими муносибатҳо, услуби забонӣ ва ба низоми муттамаркази иттилоотӣ-электронӣ гузаштани раванди истеҳсолоти иҷро дар фарқият қарор дошта, дарҷи таҷрибаи чордаҳсоларо дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки таҷрибаи ҳуқуқтатбиқнамоии дигар давлатҳо собит менамояд, ки  низоми гуногуни истеҳсолоти иҷро ва мақсаднокии ҷорӣ намудани чораҳои нави таъсиррасонӣ ба қарздор, инчунин таҳлил ва арзёбии самараноки механизмҳои дар ин соҳа амалигардида ба таври дахлдор ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, таҷрибаи ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузорӣ ва баргузории музоядаҳои фурўши молу мулки таҳти ҳабс қарордошта бо тариқи электронӣ, маҳдуд намудани баромадани қарздор аз ҳудуди кишвар дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдор дар Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои  Беларус ва Узбекистон ҷолиби таваҷҷуҳ буда, ба самаранокии иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор таъсири мусбии худро расонидааст.

Дар ин замина, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар таҳрири нав бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуби он, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва давлат масъалаҳои муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани  қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 47) ва тартиби ворид намудани қарздорон ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон (моддаҳои 48-50) пурра таҷдиди назар карда шудааст.

Ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»дар таҳрири нав масъалаҳои аз рўи кадом ҳуҷҷатҳои иҷрои наситонидани пардохти иҷроро танзим намудааст, ки дар қонуни қаблӣ ин масъала танзими худро наёфта буд. Аз ҷумла, оид ба ҳуҷҷати иҷрое, ки қарздор иҷрои талаботи онро то оғози истеҳсолоти иҷро таъмин намудааст, оид ба андешидани чораҳои таъмини даъво, оид ба мусодираи молу мулк, оид ба баргардонидан ё супоридани далелҳои шайъӣ, оид ба интиқоли маблағҳои дар суратҳисоби мақомоти тафтишоти пешакӣ ва судӣ  нигоҳдошташаванда, оид ба ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки такроран ворид гардидаанд, ки аз он минбаъд пардохти иҷро ситонида намешавад.

Инчунин, бо мақсади таъмини адолати иҷтимоӣ, аз ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки талаботи он ситониши маблағи алимент, гирифта додани кўдаке, ки тибқи ҳалнома гирифта шудаааст, ҷуброни зарари боиси фавти саробон ё ҷуброни зарари ба саломатӣ расонидашударо пешбинӣ менамояд пардохти иҷро ситонида намешавад. Чунин навоварӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, модару кўдак ва дар маҷмўъ шахсони воқеию ҳуқуқӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар баробари ин, Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»дар таҳрири нав ваколатҳои иҷрочиёни мақомоти иҷроро ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷро истифода бурдани системаҳои  иттилоотӣ,  сабтҳои  видео  ва  аудио, суратгирӣ, ҳамчунин дигар воситаҳои техникӣ ва воситаҳои дигаре,  ки ба  ҳаёт  ва саломатии шаҳрвандон зарар намерасонанд, инчунин нисбати шахсони воқеӣ  ва шахсони мансабдор, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (моддаи 129) тартиб доданро пешбинӣ менамояд.

Таҳлилҳо дар самти иҷрои қарорҳои маъмурӣ нишон медиҳанд, ки аз ҷониби суд, мақомоти давлатӣ ва  шахсони мансабдоре, ки ҳуқуқи баррасӣ намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро доранд санади қабулгардида бо гузаштани муҳлати тулонӣ барои иҷрои маҷбурӣ пешниҳод мегарданд, ки иҷрои минбаъдаи онҳо мушкил ё ғайриимкон гардида, манфиатҳои қонунии давлат халалдор мегардад.

Мувофиқи талаботи қисми 2 моддаи 220 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи моддии шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашударо ба инобат гирифта, пардохти ҷаримаи маъмурӣ метавонад аз ҷониби судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарорро қабул кардааст, ба муддати то се моҳ ба муҳлатҳо ҷудо карда шавад. Аз ин лиҳоз, муайян намудани муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро аз рўи парвандаҳои маъмурӣ ба иҷрочиёни мақомоти иҷро барои иҷрои маҷбурӣ бо мақсади иҷрои саривақтии ин ҳуҷҷатҳо ва ворид гардидани маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки яке аз роҳҳои ҳалли мушкилиҳои соҳаи истеҳсолоти иҷро ин пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошад. Таҳлилҳо собит менамояд, ки гарчанде нисбати шахсони воқеӣ  ва шахсони мансабдор меъёри моддаҳои 530 ва 533 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд татбиқ гарданд ҳам, мутаассифона механизми иҷро ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст.

Мутобиқи моддаи 15 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 16 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои судие, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бидуни истисно барои ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, бояд дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамоният иҷро карда шаванд. Иҷро накардани санади судӣ, ҳамчунин дигар зуҳуроти беэҳтиромӣ нисбат ба суд боиси ҷавобгарии пешбининамудаи Қонун мегардад.

Бинобар ин, дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нагардидани ваколати татбиқи чораи таъсиррасонӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани санадҳои дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ваколати иҷрочии мақомоти иҷро бо гирифтани уҳдадорӣ оид ба саркаши накардан аз иҷрои ҳуҷҷати иҷро маҳдуд мегардад. Қарздор бошад, аз ин фазои холигии ҳуқуқӣ истифода бурда, метавонад бе мамониат суроғаи зисти худро иваз ё ҳудуди ҷумҳуриро тарк намояд, ки дар  натиҷа санади судӣ бе иҷро монда, манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ халалдор мегардад.

Ҳамзамон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар таҳрири нав иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои судро  оид  ба уҳдадор   намудани ҷавобгар  барои  анҷом  додани  амали  муайяни ба интиқоли молу мулк ё маблағҳои пулӣ вобастанабуда танзим менамояд, ки дар таҷриба амалӣ намудани он мушкилиҳои зиёдеро ба пеш меоварад. Ҳолати фарқкунандаи иҷрои санади судӣ аз рўи ўҳдадорӣ  дар он аст, ки он аз ҷониби худи тарафҳои истеҳсолоти иҷро, яъне қарздор ва дар сурати аз тарафи ў иҷро накардани ўҳдадорӣ аз ҷониби ситонанда, агар иҷрои он аз ҷониби дигар шахс мумкин бошад ба анҷом расонида мешавад. Бинобар ин ҳангоми анҷом  додани  амали  муайяни ба интиқоли молу мулк ё маблағҳои пулӣ вобастанабуда, механизми маҷбуран таъмин намудани ин намуди санади судиро танҳо бо роҳи татбиқи чораҳои маъмурӣ амалӣ намудан мумкин аст.

Зикр гардид, ки Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар таҳрири нав яке аз рўйдодҳои муҳими соҳа ба шумор рафта, дар амалисозии сиёсати ҳуқуқии давлат, иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, рўёнидани маблағи ҷарима, ҷуброни зарар, мусодираи молу мулк, иҷро намудани санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор нақши бориз дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 23, 2022 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд