Пагоҳ дар Душанбе китоби тозанашр — «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки дорои аҳамияти ҷаҳонист, муаррифӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 18 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) баргузор мешавад. Китоб аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти «Адиб» ба забони тоҷикӣ бо сифати баланд ва теъдоди 9500 нусха нашр шудааст.
Дар ганҷинаи фарҳанги ҷаҳонӣ осори нодири нобиғагони башарӣ маҳфуз аст, ки таъриху фарҳангро фаро гирифтаасту маҷмӯи меъёрҳои ахлоқию динӣ, шаҳрвандӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиро дар бар мегирад. Аз ҷумлаи ин гуна офаридаҳо «Маснавии манавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) аст, ки бо ҳунари баланд ва низоми мутаносиби рисолаҳои мантиқӣ ва мазҳабӣ дар муаррифии печидатарин масоили адабиву ахлоқӣ хос аст.
«Маснавӣ» дар тули зиёда аз 700 сол натанҳо арзиши идеявию бадеии худро гум накардааст, балки дар мамлакатҳои аз ҷиҳати маънавӣ хеле тараққикардаи ҷаҳон, аз ҷумла дар Аврупо ва Амрико ҳамчун яке аз ёдгориҳои бебаҳои адабӣ -таърихӣ дар раванд ва таҳаввулоти адабиёт ба ҳисоб меравад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо такя ба маълумоти манбаъҳои гуногуни ҷаҳонӣ навишта буд, тайи 10 соли охир дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) аз ҳама бештар мутолиа ва фурӯхташуда, эътироф шудааст. Махсусан пас аз он, ки ЮНЕСКО соли 2007-ро бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли Ҷалолиддини Румӣ эълон кард ва дар саросари ҷаҳон 800-солагии Мавлоно таҷлил шуд, дар Амрико ва дигар гӯшаву канори ҷаҳон боз ҳам таваҷҷуҳ ба эҷодиёти ин шоири бузург бештар шуд.
Дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет танҳо бо забони англисӣ бо беш аз 800 ҳазор мавод дар бораи шоир ва иқтибосҳо аз ашъори ӯ пайдо мегардад. Дар саросари Амрико дар марказҳои савдо китобҳои Ҷалолиддини Румиии Балхӣ, тақвимҳо ва ҳатто либос, ки акси шоирро доранд, фурӯхта мешаванд.
Ба иттилои “The Guardian”, китоби ашъори шоир бо номи “Марвориди Румӣ» ба забони инглисӣ, ки аз ҷониби донишманди маъруфи амрикоӣ Колман Баркс тарҷума шудааст, бо тиражи беш аз як миллион нусха дар Амрико, дар кӯтоҳтарин фурсат ба фурӯш рафтааст ва ҳоло китоб, чунон ки мегўянд, аз даст ба даст фӯрухта мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






