Пешвои миллат ба роҳбарони вилоятҳо дастур доданд, ки болоравии нархи маводи ғизоиро пешгирӣ намоянд

Июнь 20, 2022 13:12

ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки солҳои 2022 ва 2023 захираи ғалла дар ҷаҳон коҳиш ёфта, нархи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ афзоиш ёбад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон, ки 18 июн дар ноҳияи Данғара баргузор шуд, ҳушдор доданд. Дар машварат ҳамчунин аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат доштанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, буҳронҳои сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти ғизоӣ ва кам гардидани истеҳсоли онҳо дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷомеаи башариро ба таври ҷиддӣ нигарон кардаанд. Мувофиқи арзёбии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО), истеҳсоли ғалла дар ҷаҳон имсол дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 16 миллион тонна коҳиш меёбад ва бар асоси гузориши СММ, шумораи сокинони сайёра, ки ба норасоии маҳсулоти озуқа дучор шудаанд, 193 миллион нафарро ташкил додааст..

Пешвои миллат ҳушдор доданд, ки ҳолати мураккаби ҷаҳон ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ таъсир расонад, оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассос пешгӯинашаванда ва дарозмуҳлат мебошанд

«Такроран менамоям, ки соли ҷорӣ ва соли оянда барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ солҳои бисёр вазнин ва душвортарин дар таърихи инсоният мегарданд», — таъкид намуданд Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ин рӯ, Президенти мамлакат ба роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

«Масъулони шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини бозори истеъмолии дохилӣ бо молҳои мавриди ниёзи мардум, фароҳам овардани захираи кофӣ барои онҳо ва пешгирӣ аз болоравии беасоси нархҳо чораҳо андешанд», — гуфтанд Сарвари давлат.

Президенти мамлакат аз аҳолии кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Дар робита ба ин, Сарвари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки усулҳои мавҷудаи зиёд кардани муҳлати нигоҳдории маҳсулотро таҳлил ва арзёбӣ намуда, технологияи нигоҳдории маҳсулоти ғизоиро дар шароити хона таҳия ва муаррифӣ намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июнь 20, 2022 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»