Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун сабақи омӯзандаи таърихӣ ва нодир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид

Июнь 27, 2022 12:01

ДУШАНБЕ, 27.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва таъмин намудани ваҳдати миллӣ на танҳо омили наҷоти миллати тоҷик гардид, балки ҳамчун як сабақи омӯзандаи таърихӣ ва таҷрибаи нодири ҳалли мухолифату низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф карда шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин нуктаро 26 июн зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд.

Аҳамияти сулҳу оромӣ дар замони муосир ва хусусан, солҳои охир, ки инсоният бо мушкилоти ниҳоят сахту сангин рӯ ба рӯ гардидааст, торафт боло меравад.

Илова ба пайомадҳои вазнини тағйирёбии глобалии иқлим, аз ҷумла камобӣ, хушксолӣ, нарасидани маводи ғизоӣ, болоравии нархи маҳсулоти озуқа дар тамоми ҷаҳон ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, мушкилоти амниятӣ, аз қабили вусъати бесобиқаи таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ имрӯз зиндагии аҳли башарро бисёр ноорому нобасомон ва тоқатфарсо гардонидаанд.

Дар чунин шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи башарӣ, яъне торафт мураккаб гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.

Бо дарназардошти ин,  Пешвои миллат аз тамоми афроди ҷомеа – аз хурд то бузург даъват ба амал оварданд, ки ба қадри аҳамияти ҳаётии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва ин неъмати бебаҳоро баробари дастоварди бузургтарини таърихи навини Тоҷикистон, яъне истиқлолияту озодӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоянд.

Вазифаи бисёр муҳими мақомоти давлатӣ, олимону зиёиён, аҳли адаб ва кормандони воситаҳои ахбори умум, падару модарон ва тамоми ҷомеа дар ин самт тарбия кардани насли худогоҳу худшинос, содиқ ба миллату давлати худ ва ватандӯсту ватанпараст мебошад.

«Мову шумо бояд сарзамини зебои худро сидқан дӯст дорем, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ расем ва шукронаи сулҳу амнияти кишвар ва ваҳдати миллиро ҳамеша ба ҷо оварем, — таъкид доштанд Сарвари давлат. — Вусъат бахшидани заҳмати созандаву бунёдкорона ба хотири ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон вазифаи ҳар яки мо – соҳибони Ватан мебошад».

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин ҷашн дар саросари ҷумҳурӣ ҷамъомаду ҳамоишҳо, барномаҳои консертӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ярмаркаҳои озуқаворӣ баргузор мегарданд.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳо, ки дар он ҷо тоҷикон ба сар мебаранд, таҷлил карда мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июнь 27, 2022 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон