Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд»

Июнь 7, 2022 09:44

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри  Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» иброз доштанд, ки тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд, иттлоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории Конфронси мазкур.

Ба гуфти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз тадбирҳои зарурии коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба онро наандешида, дучори таҳдиди нав — ҳамагирии КОВИД–19 гардид.

«Табиист, ки дар ин давра ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тамоми воситаву имкониятҳоро барои мубориза бо ин буҳрон равона кардаанд, — зикр намуданд Сарвари давлат. — Вале мо бояд фаромӯш насозем, ки масъалаи об, бинобар аҳамияти хосса доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад».

Тибқи арзёбии коршиносон, дар соли 2050 шумораи аҳолии курраи Замин эҳтимоли расидан то 9 миллиард нафарро дорад, ки албатта, боиси зиёдшавии чандинкаратаи талабот ба об хоҳад гардид.


Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуданд, ки талошҳои умумӣ ҳанӯз самараи дилхоҳ надодаанд ва рақамҳои зерин, ки ба шумо маълуманд, гувоҳи он мебошанд:

– зиёда аз 3,5 миллиард нафар аз хизматрасониҳои зарурии беҳдошт ва қариб дуюним 2,3 миллиард нафар аз шароити одии гигиенӣ бархӯрдор нестанд;

– ҳамасола қариб ним миллион нафар аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд.

«Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки раванди иҷрои воқеии ҳадафу вазифаҳои гузошташуда дар самти таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт дар сатҳи зарурӣ қарор надорад», — гуфтанд Сарвари давлат.

Бо дарназардошти ин, Конфронси Душанбе низ масъалаи таъмин намудан бо оби нӯшокии бехатар ва бо ҳамдигар вобаста будани масъалаҳои об ва саломатиро дар меҳвари барномаи худ қарор додааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2022 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»