Покистон талошҳои Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа самарабахш арзёбӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 10.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 июн мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насриддин бо Вазири федеролии мудофиаи Покистон Хавоҷа Муҳаммад Осиф баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Покистон, бахусус дар соҳаҳои ҳарбӣ, амниятӣ ва низомӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии низомию сиёсии минтақа, ҳамчунин дигар масъалаҳои хоси мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки Покистон талошҳои Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа самарабахш арзёбӣ мекунад.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд






