Президенти мамлакат мардуми Тоҷикистонро ба он даъват намуданд, ки ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ бошанд
ДУШАНБЕ, 27.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Президенти мамлакат аз мардуми Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар ғафлат намонанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвари давлат иброз доштанд, ки зиндагии осудаву ороми ҳар як оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар як шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил имкон дорад.
Ҳамчунин, ба таъкиди Пешвои миллат, ба ҷо овардани фаризаҳои динӣ низ, ки ҷузъи муҳимми зиндагии мардуми мусулмон ба шумор мераванд, фақат дар шароити таъмин будани амният, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ муяссар шуда метавонад.
«Дар ин раванд, дар хотир бояд дошт, ки хоинону бадхоҳони давлату миллати мо – онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафс кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурӯхтаанд, ҳанӯз ҳам аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, — таъкид намуданд Президенти мамлакат. – Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем».
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин ҷашн дар саросари ҷумҳурӣ ҷамъомаду ҳамоишҳо, барномаҳои консертӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ярмаркаҳои озуқаворӣ баргузор мегарданд.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳо, ки дар он ҷо тоҷикон ба сар мебаранд, таҷлил карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






