Президенти Тоҷикистон бори дигар аз мушкили глобалии камобӣ ҳушдор доданд

Июнь 6, 2022 11:21

ДУШАНБЕ, 06.06.2022/АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки агар обшавии пиряхҳо тезтар шавад, Осиёи Марказӣ солҳои оянда ба мушкили камобӣ мувоҷеҳ хоҳад гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон дар ин бора 4 июн дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилофи обу иқлим, ки дар арафаи Конфронси дуюми сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» доир гардид, изҳори нигаронӣ карданд. 

«Захираҳои об нақши калидӣ доранд, вале дар айни замон, ин захираҳои ҳаётан муҳим имрӯз зери таъсири шадиди тағйироти иқлим қарор гирифтаанд. Ҳол он, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои саноатӣ ба шумор намеравад ва 98 фоизи неруи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ, манбаи барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад», — иброз  доштанд Сарвари давлат.

Мавзӯи асосии суханронии Президенти Тоҷикистон дар ҳамоиш обшавии пиряхҳо буд.  Бино ба гуфтаи Сарвари давлат,  танҳо дар чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пирях дар Тоҷикистон аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки, агар обшавии пиряхҳо  идома ёбад, Осиёи Марказӣ ба камбуди об дучор мешавад.   Тоҷикистон аз обҳои кишвар танҳо 4 дарсадашро истифода мебарад ва боқии он барои кишварҳои поёноб меравад.

«Агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафари аҳолӣ дар минтақа солона зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукаабро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда имрӯз зиёда аз чор баробар кам гардидааст», – гуфтанд Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон.

Дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилофи обу иқлим асосан масъалаи тағйирёбии иқлим ва камбуди об баҳс шуд. Петтери Таалас — Дабири кулли Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) гуфт, имрӯз 2,3 миллиард аҳолии сайёра аз нарасидани об азият мекашанд.

Хотиррасон мешавем, ки пойтахти Тоҷикистон  ин ҳафта мизбони чанд нишасти ҷаҳонии вобаста ба мушкилоти об хоҳад буд. Аз 6 то 9 июн дар Душанбе чанд ҳамоиш вобаста ба масъалаи об баргузор мешаванд. Нишасти асосӣ рӯзи 7 июн бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ду муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид доир мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2022 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид