Владимир Путин меҳнати муҳоҷирони тоҷикро дар Русия назаррас арзёбӣ кард

Июнь 29, 2022 13:02

ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, дар рушди иқтисоди Русия саҳми арзанда доранд. Дар ин бора дирӯз, 28 июн дар Душанбе Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд.

«Имрӯз метавон гуфт, ки ин одамон дар рушди иқтисоди кишвари мо саҳми арзанда доранд ва онҳо мисли як пули инсонӣ, пули дӯстӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ҳастанд», — изҳор дошт Путин.

Владимир Путин ёдовар шуд, ки дар Федератсияи Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ «шароити мусоид» ҷорӣ шудааст ва таъкид кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин гуна вохӯриҳои шахсӣ масъалаи меҳнати шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия «пайваста» матраҳ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи декабри соли 2019 Владимир Путин Қонун «Дар бораи ба тасвиб расонидани Созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон оид ба ҷалби муташаккили муҳоҷирони меҳнатӣ»-ро имзо кард. Созишномаи мазкур 17 апрели соли 2019 дар Москва зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо гардид.

Дар мулоқоти ду президент дар он замон дар Кремл ба ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар заминаи муҳоҷирати меҳнатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Аз ҷумла, масъалаҳои ба танзим даровардани ҷараёни муҳоҷират ва беҳбуд бахшидани шароити будубош, фаъолияти муҳоҷирони тоҷик ва хонаводаҳои онҳо дар Федератсияи Русия баррасӣ гардиданд.

Дар музокироти роҳбарони Тоҷикистону Русия моҳи майи соли 2021 дар Москва Владимир Путин аз нарасидани коргарон дар тамоми бахшҳои иқтисод изҳор дошт. Путин баъдан таъкид кард, ки Русия тамоми чораҳоро меандешад, то муҳоҷирони меҳнатӣ худро дар ин ҷо роҳат ҳис намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 29, 2022 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид