РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Хонандагони тоҷик суруди (гимни) Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баландро эҷод карданд!

Июнь 4, 2022 11:36

ДУШАНБЕ, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Бо мақсади тарғиби мавзӯи  мушкилоти об суруди нав бо номи «Об ва иқлим» навишта шуд, ки гимни Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хоҳад шуд», — гуфт зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассис оид ба барномаи таъминоти об, санитария ва беҳдошти Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Аммар Оракзай.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, «дар таҳияи матни гимни мазкур ду хонанда- Алия Эраҷ ва Тупчӣ Малакбозов саҳм гузоштаанд. Мо вобаста ба муаррифии он дар Мактаби Президентии шаҳри Душанбе як вохӯрӣ гузаронидем ва ба хонандагон муяссар гардид, ки матн ва оҳанги ин сурудро ба мо пешниҳод намоянд. ЮНИСЕФ ва шабакаи ҳамкорони он матни сурудро аз назар гузарониданд ва он аз ҷониби ҳунармандони касбӣ таҳия гардидаст. Дар нақша аст, ки суруди мазкур дар оғози Форуми об, ки 6 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, садо диҳад. Интизор меравад, ки  ин суруд дар тамоми ҷаҳон паҳн гашта, ҷомеаи ҷаҳон аз саҳми ҷавонону наврасон дар ҳалли масъалаҳои об тавассути он огоҳ шаванд».

-Суруд дар оғоз бо забони тоҷикӣ суруда шуда, баъдан бо забони англисӣ идома хоҳад ёфт. Ҳадафи чунин тасмим ин аст, ки мо мехоҳем   он дар саросари ҷаҳон маъмул гардад ва онро на танҳо кӯдакони Тоҷикистон, балки кӯдакони тамоми ҷаҳон хонда тавонанд”, — гуфт дар идомаи суҳбат  мутахассис оид ба барномаи таъминоти об, санитария ва беҳдошти Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Тибқи гуфтаи Аммар Оракзай, интизор меравад, ки дар кушодашавии Форуми оби ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили оби Конфронси дуюми оби Душанбе нахуст хониши зинда шавад ва инчунин як навори қаблан сабткардаи суруд, ки дар он кӯдакони дигар мамлакатҳо ин сурудро сароидаанд, садо медиҳад.

“ЮНИСЕФ аллакай якчанд семинари маҷозиро бо ҷавонону наврасон  гузаронидааст, ки инҳо 15 ва 22 май доир гардиданд. Дар ин семинарҳо зиёда аз 250 нафар иштирок намуда, дар нақша аст, ки бевосита пеш аз Конфронси оби Душанбе 5 июн боз як мулоқот доир гардад”,  -тазаккур дод  номбурда.

Тибқи иттиллои А. Оракзай, «дар Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили оби Конфронси дуюми оби Душанбе дар маҷмӯъ кӯдакону наврасон ва ҷавонони 33 мамлакати ҷаҳон- 200 нафар бевосита худашон ва 900 нафар ба таври маҷозӣ иштирок хоханд кард.Ҷиҳати иштироки фаъолонаи кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар  Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили оби Конфронси дуюми оби Душанбе  намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо платформаҳои асосии ҷалби ҷавонону наврасон, аз қабили Шабакаи умумиҷаҳонии ҷавонон, Парлумони умумиҷаҳонии ҷавонон оид ба масоили об, Федератсияи байналмилалии СММ оид ба ҷавонон ва Ҷавонони Осиёи Марказӣ барои об ҳамкорӣ ба роҳ мондааст».

«Тавассути платформаҳои болозикр то ҳол зиёда аз 900 нафар, ки  беш аз 100 кишвари дунёро намояндагӣ мекунанд, барои иштирок дар Конфронси дуюми оби Душанбе номнавис шудаанд”,- иттилоъ дод мутахассис оид ба барномаи таъминоти об, санитария ва беҳдошти Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон. Чунин нишондиҳанда далели он аст, ки таваҷҷуҳ ба Конфронси дуюми байналмилалии оби Душанбе бахусус миёни кӯдакону наврасон ва ҷавонон хеле зиёд аст», -афзуд номбурда.

Ҳадафи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо платформаҳои гуногуни сатҳи байналмилаливу минтақавӣ дар бахши наврасону ҷавононро Аммар Оракзай, мутахассис оид ба барномаи таъминоти об, санитария ва беҳдошти Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ дар он мебинад, ки дар натиҷаи ин конфронс нақшаи рӯзномаи рушди ҷавононро таҳия намуда, барномаи мушаххасро бо фаъолияту чорабиниҳо ва нақшаи амал ба донорҳо ҷиҳати дастгирӣ равон кунанд.

“Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028» марҳилаи қаблӣ барои омода гардидан ба Конфронси  оби СММ дар соли 2023 мебошад ва мо метавонем он нақшаи кориеро, ки дар Конфронси дуюми оби Душанбе таҳия менамоем, барои тасдиқ ба Конфронси соли оянда равон кунем”, — изҳор дошт Аммар Оракзай.

Ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе Хазинаи кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ қаблан миёни наврасону ҷавонон дар сатҳи байналмилалӣ пурсиш оид ба гирифтани назари онҳо барои таҳияи нақшаи корӣ ё нақшаи рӯзномаи рушди ҷавонон гузаронид.

“Вақте мо ҳуҷҷати болозикрро омода менамоем, он ҳуҷҷате мешавад, ки андешаи тамоми ҷавонону наврасони ҷаҳонро дастгирӣ хоҳад кард”, — афзуд намояндаи  Хазинаи кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Дар Тоҷикистон, бо дархости Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ниҳоди мазкур бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ аз пиряхҳо, дарёҳои калонтарини Тоҷикистон ва обанборҳои мамлакат, аз ҷумла, обанбори Норак дидан намуда, онҳоро ба навор гирифта, дар ҳаҷми 6-7 дақиқа навори видеоӣ таҳия намудааст.

“Ин наворро иштирокчиёни Конфронси оби Душанбе метавонанд дар як гӯшаи алоҳида таҳти унвони «Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об» бо андохтани айнакҳои махсус, ки  «Ҳақиқати виртуалӣ» низ ном мебарем, бо чашми худ бинанд ва бо иншооти обтозакунӣ, идора кардан ва истифода намудани об дар хоҷагидорӣ, чорводорӣ, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар маҷмӯъ табиати зебои Тоҷикистон шинос шаванд”, — изҳор дошт мутахассис оид ба барномаи таъминоти об, санитария ва беҳдошти Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ “Ховар”.

Интизор меравад, ки дар охири ин навор кӯдакону наврасон паёмҳои асосиро оид ба тозагии об ва тағйирёбии иқлим баён намоянд. Илова бар ин дар назар аст, ки аз ҷониби намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар Конфронси дуюми оби Душанбе ду ҷаласаи панелӣ, ки яке аз онҳо «Баланд бардоштани сатҳи ҳамгироии об ва тандурустӣ барои вокуниш ба чолишҳои ҷаҳонӣ баъд аз COVID – 19” ва дигаре “Суръат бахшидан ба дастгирии обтаъминкунӣ, санитария, беҳдошти бехатар ва фаро гирифтани ҳамагон” мебошанд, ташкил карда шавад.

Хазинаи кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон фаъолияти худро вобаста ба обтаъминкунӣ, санитария ва беҳдошт соли 1996 оғоз намуда, аз соли 2018 инҷониб барнома боз ҳам қавитар шуд ва фаъолияти он соли 2021 боз ҳам густурдатар гардид. Айни замон барномаи «ВОШ» («WASH»), яъне обтаъминкунӣ, санитария ва беҳдошти ЮНИСЕФ ҳам дар сатҳи сиёсат ва ҳам дар сатҳи татбиқи техникӣ амал мекунад, ки ин ба ЮНИСЕФ ҷиҳати пайдо намудани мувозинати дуруст миёни ҳамкорӣ бо Ҳукумат ва татбиқи барномаҳои мазкур имкон медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 6-9 июни соли 2022 пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе  мизбони  боз як ҳамоиши муҳими байналмилалӣ- Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об гардида, дар он қариб 2000 нафар  намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ  ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок менамоянд.

                                      АКС: ЮИНСЕФ/манбаъҳои боз

Июнь 4, 2022 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ