РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси дуюми сатҳи баланд дави Марафони ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Июнь 3, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 4 июн дар Душанбе дар чаҳорчӯби Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Ҳадафҳои рушди устувор- 6 /ҲРУ/  дави Марафони ҷаҳонӣ  баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хабар доданд.

Баргузории дави марафонӣ  барои ширкаткунандагони конфронс фурсати хубе хоҳад буд, то  ҷузъи  маъракаи ҷаҳонӣ бошанд ва дар дав ширкат намоянд. Иштирокчиён метавонанд марафони пурра (42,2 км) ё масофаи рамзии 6 км бахшида ба Ҳадафҳои рушди устувор-6-ро тай намоянд.

Марафон ба масофаи 42,2 километр 4 июн, соати 3:00 аз назди  меҳмонхонаи «Сароб» дар  осоишгоҳи Хоҷа Обигарм ва қисми рамзии масофаи 6 километр аз дарвозаи шимолии боғи нави «Истиқлол» -и пойтахт соати 09:00  (кӯчаи Саид Носиров, 27) оғоз меёбад. Иштирокчиён метавонанд ба марафон ҳам аз аввал — соати 03:00-и рӯз ва ҳам ба масофаи охирини 6 километр — соати 09:00 ҳамроҳ шаванд. Ин марафон дар назди шаршараи бузурги боғи Наврӯзгоҳ ба анҷом мерасад.

Инчунин дави дуюми Марафони ҷаҳонӣ  9 июн, соати 05:00 дар назди меҳмонхонаи  «Hyatt Regency Dushanbe»-и шаҳри Душанбе шурӯъ  гардида, баъди  тай кардани 42,2 километр масофа ба самти Ваҳдат хотима меёбад.  Иштироккунандагони конфронс  дар давидан ҳам ба масофаи 6 километр ва ҳам ба масофаи 42,2 километр иштирок карда метавонанд. Барои иштирокчиёне, ки ба масофаи 6 километр  нияти давидан доранд, барои баргаштан ба меҳмонхона бо мақсади иштироки минбаъда дар экскурсияҳо тибқи барномаи конфронс нақлиёт ташкил карда мешавад.

Натиҷаҳои марафонҳо дар Конфронси дуюми Душанбе ва инчунин Конфронси СММ оид ба захираҳои об моҳи марти соли 2023 муаррифӣ хоҳанд шуд.

Тавре маълум аст, марафони ҷаҳонии об   RUN BLUE 22 март дар  Рӯзи байналмилалии об дар Австралия оғоз ёфт. RUN BLUE 200 марафонро дар саросари ҷаҳон дар бар мегирад, ки беш аз 200 миллион нафарро ҷалб мекунад ва 22 марти соли 2023 қабл аз Конфронси СММ дар Ню- Йорк ба охир мерасад.

Ҳадаф аз баргузории марафонҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи рӯзафзуни об, даъват ба амал, сафарбар намудани саъю кӯшиш барои ноил шудан ба тағйироти воқеӣ дар Замин ва пешбурди Даҳсолаи байналмилалии амал ва Конфронси  СММ оид ба захираҳои об  дар соли 2023 мебошад.

Марафонҳо аз ҷониби фаъол ва даванда Мино Гулӣ созмон дода шуда, аз ҷониби бисёр шарикон, аз ҷумла ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Нидерландия ҳамчун ҳамраисони конфронс дастгирӣ мешаванд. Бахши Осиёи Миёнаи RUN BLUE 10 май дар шаҳри Мӯйноқи Ҷумҳурии  Узбекистон оғоз шуда, 10 июн дар Душанбе –пойтахти Тоҷикистон  ба охир мерасад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон марафон 16 май оғоз гардида, тибқи барнома дар ҳудуди 11 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили 11 дав ба масофаи умумии 464 км (ҳар як дав 42,2 км) ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»

 

Июнь 3, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»