Роҳи мошингарди Бӯстон-Зарнисор бо дарозии 38 километр мумфарш мегардад
ДУШАНБЕ, 17.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бӯстон-Зарнисор бо дарозии 38 километр пурра мумфарш гардида истодааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Мумфаршкунии роҳ бо маблағгузории Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой дар ҳаҷми 75 миллион сомонӣ аз тарафи ҶДММ МКМ “Сомонӣ” идома дошта, то имрӯз 13 километри он мумфарш шудааст.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни мумфаршкунии роҳи мазкур шинос шуда, дар ин зимн иттилоъ дода шуд, ки дар масофаи 18 километри ин роҳ корҳои тахту ҳамворкунӣ ба анҷом расонида шуда, дар доираи лоиҳа 5 пули мошингузар пурра навсозӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки роҳи мошингарди Бӯстон — Зарнисор даҳсолаҳо инҷониб ба таъмири пурра ниёз дошт. Бо тадбирандешиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳи мазкур мумфарш гардида, бехатарии ҳаракат дар он таъмин мешавад.
Айни замон зиёда аз 20 нафар роҳсозон ва техникаҳои пуриқтидор ба корҳои роҳсозӣ ҷалб гардида, ба сифати корҳо бештар таваҷҷуҳ дода мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






