РОҲИ САФЕД! Варзишгари тоҷик барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон ба Амрико меравад
ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук ба Амрико меравад. Дар ин сафар ӯро қаҳрамони олимпӣ, Раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, Раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна Дилшод Назаров ҳамроҳӣ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии (КМО) Тоҷикистон хабар доданд.
18-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук 23-26 июли соли 2022 дар дуввумин шаҳри калонтарини иёлоти Орегони ИМА — Юджин баргузор мешавад. Чемпионати мазкур мебоист 6-15 августи соли 2021 баргузор мегардид. Чемпионат бинобар мавқуф гузоштани Бозиҳои олимпӣ-2020 дар Токио ба соли 2021 бар асари пандемияи коронавирус ба таъхир афтод.
Мавриди зикр аст, ки Илдар Аҳмадиев дар мусобиқаи пешакии варзиши сабук дар Олимпиадаи 2021 дар пойтахти Ҷопон ширкат карда, ба масофаи 100 метр натиҷаи беҳтарини шахсӣ (10,66 сония) нишон дод.
Чанде қабл (моҳи июни соли 2022) дар Тошканд дар варзишгоҳи Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон 4-умин Мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба поси хотираи Геннадий Арзуманов оғоз ёфт, ки дар он дастаҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон ширкат доштанд. Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев дар давидан ба масофаи 100 метр медали тилло гирифт ва рекорди варзишгоҳро (10,37 сония) гузошт. Бар замми ин Аҳмадиев дар ҷаҳидан ба дарозии (7,59 метр) медали нуқраро ба даст овард.

ДАР АКС: Илдар Аҳмадиев дар Мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба поси хотираи Геннадий Арзуманов дар Тошканд
Илдар Аҳмадиев пайваста дар мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун иштирок мекунад. Аҳмадиев варзишгари боистеъдод буда, ба гуфтаи мутахассисон, худро пурра ба тамрин бахшидааст ва ба ҳар як мусобиқа бо кӯшиши зиёд омода мешавад.
Аҳмадиев 1 марти соли 2000 таваллуд шудааст. Ба тамрини ҷиддӣ ў соли 2017 шурӯъ намудааст. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Чемпиони ҷаҳон Саймуъмин Раҳимовро хатм кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Илдар Аҳмадиевро дар ин сафар қаҳрамони олимпӣ, Раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ва Раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна Дилшод Назаров, ки дар анҷумани Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) ширкат меварзад, ҳамроҳӣ мекунад. Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук мақоми роҳбарикунандаи ҷаҳонии варзиши сабук буда, то соли 2001 Федератсияи байналмилалии ҳаводорони варзиши сабук номида мешуд. Феълан ба IAAF 214 федератсияи миллӣ ва иттиҳодияҳои қитъавӣ, аз ҷумла Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи федератсияҳои варзиши сабуки Осиё шомиланд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 20 апрел дар ҷаласаи Конгресси Доҳа (Қатар) Раиси федератсияи минтақавӣ ва Раиси Комиссияи варзишгарони Ассотсиатсияи федератсияҳои варзиши сабуки Осиё интихоб гардид.
Саид АЛӢ,
Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






