«Саноатсодиротбонк» дар ду сол ба соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон 224 млн сомонӣ қарз ҷудо намуд

Июнь 26, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 26.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар ду соли фаъолият ба соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ба маблағи 224,0 млн сомонӣ қарз ҷудо намудааст, ки аз он 136,0 млн. сомонӣ ба соҳаҳои саноат равона карда шудаанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти бонки мазкур.

Ба хотири сармоягузории соҳибкорони истеҳсолӣ ва амалӣ намудани ҳадафи стратегии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар аз 25 июни соли 2020 «Саноатсодиротбонк»  фаъолияти худро оғоз намуда, тайи ду сол аст, ки дар низоми бонкии кишвар қадамҳои устувор гузошта истодааст.

«Саноатсодиротбонк»  бо мақсади дастгирии соҳибкорон дар семоҳаи аввали соли равон 49 млн сомонӣ маблағ равона намудааст, ки соҳаҳои истеҳсолӣ, кишоварзӣ, савдою хизмарасонӣ ва дигар бахшҳои  мухталифи иқтисодиёти ҷумҳуриро дар бар мегиранд. Қарзҳои пешниҳодшуда аз рӯи минтақаҳо 35 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро гирифтаанд. Инчунин қарзҳои додашуда дар семоҳаи аввали соли равон аз рӯи соҳаҳо ба соҳаи саноат 40,8 млн. сомонӣ, кишоварзӣ 1,5 млн. сомонӣ, хизматрасонӣ 350,0 ҳазор сомонӣ, сохтмон 2,2 млн сомонӣ ва ба тиҷорат 4,1 млн сомонӣ рост меояд.

Бақияи сандуқи қарзии бонк ба санаи 31 марти соли 2022, 478 муштарӣ ва маблағи 238,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи шумора 389 муштарӣ ва аз рӯи маблағ 84,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Бонк ҷиҳати пешниҳоди хизматрасонии дастрас, шафоф ва бехатар дар самти пардохтҳо ва хизматрасониҳои бонкӣ дар семоҳаи аввали соли равон аз рӯи барномаи ССБ — мобайл хизматрасонии фосилавиро (бонкинги мобилӣ) ҷорӣ намудаст.

Бояд гуфт, ки филиалҳои бонки мазкур дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ фаъол буда, дар ин давра корҳо дар самти кушодани сохторҳои нав дар ноҳияҳои Данғара ва Рашт оғоз гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ба хотири рушди истеҳсолоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ба масъалаи дастгирии соҳибкорон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, чунин таъкид карда буданд: «Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат ҳамасола зиёд карда шавад».

Самти муҳим ва афзалиятноки фаъолияти бонк дастгирии корхонаҳои навтаъсис, амалкунанда ва соҳибкорони инфиродӣ барои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, тавассути маблағгузории фаъолияти онҳо ба шумор меравад.

 АКС: КВД БССТ «Саноатсодиротбонк»

Июнь 26, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд